Наврӯз Ҷаъфаров: Омили пайдоиши вируси фалаҷи кӯдакона сари вақт ваксинатсия нашудани тифлон аст

Март 28, 2021 09:24

ДУШАНБЕ, 28.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар сомонаи худ аз хурӯҷи бемории полиомиелит ва ё фалаҷи кӯдаконаи намуди 2 дар Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои ин созмон, аввалин ҳолати  сироятёбӣ ба фалаҷи кӯдакона дар вилояти Хатлон сабт шуда, моҳи март ин беморӣ дар деҳоти ноҳияи Ҳисор ба қайд гирифта шудааст.

Сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сабаби пайдоиши ҳолатҳои сироятёбии кӯдакон ба вируси фалаҷи бо ваксина алоқамандбудаи намуди 2 –ро ба сари вақт ваксинатсия нашудани кӯдакон рабт дод.

Ба зикри Наврӯз Ҷаъфаров, ҳолатҳои гирифторшавӣ ба фалаҷи кӯдакона, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, нишон доданд, ки ин беморӣ хусусан дар кӯдаконе пайдо шудааст, ки ба ваксинатсия сари вақт фаро гирифта нашудаанд. Тибқи тақвими миллии иммунизатсия бар зидди бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда, ки  аз ҷониби  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат  татбиқ карда шудааст,  бояд кӯдакон пурра ба ваксинаҳое, ки пешбинӣ шудаанд, бо назардошти ба таъхир наандохтани муҳлати  қабули ваксина фаро гирифта шаванд. Вале, мутаассифона, ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки  волидайн аз эмкунии кӯдаконашон даст мекашанд ё ин ки  нафарони калонсоли хонавода намегузоранд, ки кӯдакон бо ваксинатсия фаро гирифта шаванд.

«Тақвими миллии иммунизатсия бар зидди бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда барои ҳимояи кӯдакони аз давраи таваллуд то  6-сола нигаронида шудааст. Кӯдаконе, ки тибқи тақвими миллӣ ҳама намуди ваксинаҳоро сари вақт қабул мекунанд, аз ин гуна маризиҳо эмин буда, ба онҳо беморӣ таҳдид намекунад. Вале он нафароне, ки бо ваксина фаро гирифта намешаванд,  ҳангоми интиқоли вирус ба мамлакат ин кӯдакон мавриди ҳадафи вирус қарор гирифта, ба фалаҷи кӯдакона дучор мешаванд»,-гуфт мавсуф.

Бино ба ибрози Наврӯз Ҷаъфаров, имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллӣ оид ба вокуниш ба ҳодисаҳо ва ё ин ки хурӯҷи ҳама намуди полиовирусҳо амал мекунад.  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо истифода  аз ин стратегия     дар минтақаҳои ҷумҳурӣ нисбат ба дарёфти фаъоли ҳодисаҳои гумонбаршуда ва тақвияти он, фаъол намудани гардишҳои хонагӣ аз ҷониби кормандони тиббии муассисаҳои шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо мақсади дарёфт намудани ҳодисаҳои ба фалаҷ монанд, ғайр аз ин дарёфти кӯдакони аз иммунизатсия бозмонда ва бо иммунизатсия фаро гирифтани онҳо фаъолият бурда истодааст.

Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сатҳи миллӣ нақшаи баргузории роҳҳои иммунизатсияи иловагиро бо истифода аз ваксинаҳои ИПВ (тариқи тазриқ) ва ОПВ (тариқи ба даҳон чаконидан)- ро рӯи кор гирифтааст. Ваксинаи ИПВ аллакай дар байни зиёда аз 500 ҳазор нафар кӯдак гузаронида шуд. Инчунин зиёда аз 3 ҳазор нафар кӯдаконе, ки дар  ноҳияҳои наздисарҳадӣ қарор доранд  бо ИПВ- и иловагӣ фаро гирифта шуданд. Айни замон корҳои омодабошӣ барои гузаронидани рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бо истифода аз ваксинаи ОПВ ба тариқи даҳон доир шуда истодаанд.

Аз ин рӯ бояд ҳар як падару модар огоҳ бошад ва ба  саломатии фарзанди худ диққати ҷиддӣ диҳад.  Бояд  волидайн нисбат ба саломатии фарзандонашон бетафовут набошанд ва тибқи паспорти  иммунизатсияе, ки баъд аз таваллуд ба ҳар кӯдак дода мешавад, кор баранд. Кӯдаконе, ки дар муассисаҳои таваллудӣ ба дунё меоянд, соатҳои аввали пас аз таваллуд бо ваксинаи зидди бемории фалаҷ тариқи чаконидан ба даҳон фаро гирифта мешаванд ва пеш аз рухсатшавӣ аз таваллудхона  ваксина бар зидди бемории сил дар кӯдак тазриқ карда шуда, он дар паспорти иммунизатсионӣ сабт гардида, ба дасти модар дода мешавад. Тибқи нишондиҳандаҳое, ки дар паспорти иммунизатсионӣ  мавҷуданд, бояд кӯдак бар зидди ин ё он намуди бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда эм карда шавад.

Бояд гуфт, ки ин беморӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, ноҳияҳои тобеи марказ ва махсусан дар деҳоти шаҳри Ҳисор ба қайд гирифта шудааст.

Ба ибрози мутахассис, ҳангоми интиқоли вирус тавассути даҳон он ба организм ворид шуда, дар рӯдаи кӯдак рушд меёбад. Сипас он аз рӯда ба хун ва тавассути хун ба системаи асаб дода мешавад. Ҳангоми дар системаи асаб ҷойгир шудани вирус ин ё он узвҳои бадани кӯдак фалаҷ мегарданд.

Нишонаҳои фалаҷи кӯдакона таби баланд ва  беҳоливу бемадорӣ мебошад. Дар ҳолати беаҳамиятӣ зоҳир намудан нишонаҳои дигар низ пайдо шудан мегиранд.

Ба зикри мутахассисон, табобати ин гуна бемориҳо дуру дароз мебошад.

Сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ баён дошт, ки соли 2010 дар эпидемияи фаъоле, ки  дар Тоҷикистон  пайдо шуд, зиёда аз 700 нафар кӯдак аз он сироят ёфтанд ва ҳолатҳои маргу мир низ ба қайд гирифта шуданд. Вале дар зиёда аз 60 фоизи  гирифторон   фалаҷ боқӣ монд.

Бояд гуфт, ки бемории полиомиелит ҳоло дар ҷумҳуриҳои Покистон, Афғонистон ва Нигерия хеле паҳншуда мебошад.  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2011 аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ кишвари аз полиомиелит озод эълон шуда буд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Март 28, 2021 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар семоҳаи аввал дар Тоҷикистон 223 ҳолати фавқулода рух дода, 8 нафар дар офатҳои табиӣ ба ҳалокат расидаанд
Корҷӯёни шаҳри Кӯлоб соҳиби касб ва шаҳодатномаи тахассусӣ мегарданд
МОҲИ ХАЙРУ ЭҲСОН. Ба 60 нафар оилаҳои ниёзманди ноҳияи Лахш кумаки якдафъаина расонида шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ГЕМОФИЛИЯ. Дар Тоҷикистон беш аз 650 нафар гирифторони ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд
Дар дастгоҳи Маҷлиси намояндагон оид ба риояи қонун «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» семинар-машварат доир шуд
Дар Душанбе мулоқоти роҳбарони соҳаи фармасевтии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии сармутахассисон оид ба бемориҳои наркологии кишварҳои узви СААД доир шуд
Сардори Хадамоти муҳоҷират бо директори генералии Департаменти буҷети давлатии «Маркази муҳоҷират»-и шаҳри Москва Сергей Балдин мулоқот кард
Ғафур Муҳсинзода: Тоҷикистон дар мубориза ба муқобили маводи нашъамандӣ устувор мебошад
НОРАСОИИ НЕРУИ КОРӢ ДАР РОССИЯ. Маркази муҳоҷирати Москва дар Тоҷикистон намояндагии худро ифтитоҳ мекунад
Sputnik: Москва интизори омадани муҳоҷирон аз Тоҷикистон аст
Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон ҳамоишҳои ҷавонони гуногункасб доир мегарданд

Маводҳои таҳлилӣ