Рӯзи Модар дар вилояти Суғд бо барномаи рангини ҳунарӣ таҷлил гардид
ХУҶАНД, 05.03.2021. /АМИТ Ховар/. Модар — офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат, нерубахши рӯҳу ҷон, дастгиру нигаҳбон ва роҳбару мададрасон аст. Ин матлабро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баргузории барномаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар, ки 4 март дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо шукӯҳи хосса баргузор гардид, баён дошт.
Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», раиси вилоят занону бонувонро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрик гуфта, барояшон иқболи накӯ, толеи баланд ва рўзгори ободу осуда орзу намуд.
Таъкид гардид, кидар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рўзи Модар аз эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону занон дарак медиҳад.
-Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавқеъ ва ҷойгоҳи занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, имрӯз занон дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва хизмати давлатӣ нақши бисёр арзишманд доранд. Маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият – мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзуда, занон дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеӣ гузошта истодаанд, — иброз дошт Раиси вилояти Суғд.
Зикр гардид, ки ҳоло дар вилоят беш аз 1 миллиону 363 ҳазор нафар занону духтарон умр ба сар бурда, аз ин шумора 9726 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва 1242 нафарашон дар мақомоти давлатӣ фаъолият мебаранд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки занону бонувони меҳнатқарини вилоят бо саъю талоши комили хеш дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии ҷомеа, таҳкими арзишҳои волои ваҳдату ҳамгироӣ, дўстиву рафоқат, ватанпарастӣ ва дар маҷмўъ сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми шоиста мегузоранд.










Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






