Роҳбари пешини Шӯрои уламои Кундуз дар ҳамлаи мусаллаҳонаи афроди ношинос дар Кобул кушта шуд

Март 4, 2021 09:43

ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/ Афроди мусаллаҳи ношинос субҳи 3 марти соли 2021 Мавлавӣ Файз Муҳаммад Фоиз, раиси пешини Шӯрои уламои Кундуз ва устоди Дорулулуми арабии Кобулро ҳангоми рафтан ба сӯи масҷид бо зарби тир ба қатл расониданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии хабарии «Пажвок».

Cухангӯи полиси Кобул Фирдавс Фарамарз зимни баёни ин матлаб ба агентии «Пажвок» гуфтааст, ки ин ҳодиса дар мавзеъи Ҷакшани маҳаллаи 17-уми Кобул тахминан соати 6-и субҳи 3-юми март рух додааст.

Вай илова намуд, ки дар робита ба ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст, аммо то ҳол касе  боздошт нашудааст ва  касе низ масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

Дар хабарномае, ки аз сӯи дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурӣ ба агентии «Пажвок» расидааст, раиси ҷумҳур дар робита ба ин рӯйдод гуфтааст: «Террористон бо ҳадаф қарор додани ҳамватанони бегуноҳи мо, хусусан уламои динӣ, намояндагони ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ наметавонанд садои расои ононро дар ростои баёни ҳақоиқ ва мардуд донистани ҷанги таҳмилӣ хомӯш созанд».

Вай гуфтааст, ки шиддат бахшидани хушунатҳо аз ҷониби «Толибон» (мамнуъ дар Тоҷикистон) хилофи инсоният, адолат ва қонуният аст ва идомаи чунин хушунат мухолифи рӯҳияи садоқат ба сулҳ мебошад.

Раиси ҷумҳур ба мақомоти марбута дар мавриди таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин ҳодиса, ошкор намудани ҷинояткорон дастур додааст ва ҳамдардии амиқи худро ба оилаи шаҳид Мавлавӣ Файз Муҳаммад Фоиз иброз намудааст.

Март 4, 2021 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид