Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 10.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 9 март Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ Ид Ал-Сақафӣ мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ даъватномаи муштараки вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба унвони Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси 9-уми вазирони «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» доир ба Афғонистон, ки 30 марти имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, супорида шуд.
Инчунин ҷонибҳо масъалаҳои авлавиятноки муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими ҳамкории мутақобилан судмандро баррасӣ карданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд






