Сафири Тоҷикистон бо Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ, Роҳбари UNRCCA мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 11.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10 март дар Ашқобод мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгиранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Наталя Герман доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо перомуни масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгиранда барои Осиёи Марказӣ ва мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули андеша намуданд.
Сафири Тоҷикистон дар бораи авлавияти раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва раванди омодагӣ ба Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”, ки 29-30 марти соли 2021 дар Душанбе баргузор мешавад, маълумот дод.
АКС аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






