Сафири Тоҷикистон бо Раиси Кумитаи Думаи давлатии Россия оид ба робита бо ИДМ мулоқот намуд

Март 10, 2021 15:28

ДУШАНБЕ, 10.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 9 март мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Раиси Кумитаи Думаи давлатии Россия оид ба робита бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Леонид Калашников баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои таҳким ва тавсеаи робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия ва масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таваҷҷуҳи асосии ду тараф ба татбиқи тавофуқоте, ки зимни сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия дар моҳи ноябри соли 2020 ба даст омаданд, нигаронида шуд. Ҳамзамон роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, махсусан дар доираи Ассамблеяи байнипарламентӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

АКС аз ВКХ ҶТ

Март 10, 2021 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд