Сафири Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳакдод бо Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Беларус Иван Крупко мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 31.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод бо Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Иван Крупко дар Минск мулоқот кард, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодиро, ки 5 апрели соли 2021 дар Душанбе баргузор мешавад, баррасӣ карданд. Дар доираи он 6-7 апрел форуми тиҷоратӣ ва намоишгоҳи махсусгардонидашуда баргузор мешавад, ки дар он истеҳсолкунандагони Беларус таҳти бренди умумии Made in Belarus маҳсулоти соҳаҳои калидии ватанӣ: AgroFood — соҳаи кишоварзӣ ва маҳсулоти ғизоӣ, TechMach — мошинсозӣ ва технологиҳо, Wood — саноати коркарди чӯб ва маҳсулоти мебел, Health — тандурустӣ ва дорусозӣ, FMCG — молҳои истеъмолӣ баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки гардиши маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус дар соли 2020 ба 9,8 миллион доллари ИМА расид.








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






