Се корманди телевизиони «Инъикос» дар ду ҳамлаи мусаллаҳона дар вилояти Нангарҳори Афғонистон кушта шуданд
ДУШАНБЕ, 03.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Раиси радио ва телевизиони «Инъикос» мегӯяд, ки се корманди ин расона дар ду ҳодисаи ҷудогона дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон кушта шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.
Залмай Латифӣ, раиси радио ва телевизиони «Инъикос» рӯзи сешанбе, 02 март гуфт, ки дар натиҷаи ду ҳамлаи мусаллаҳона дар вилояти Нангарҳор се корманди зани ин расона кушта шуданд.
Ҷаноби Латифӣ афзуд, ки афроди мусаллаҳи номаълум тақрибан соати 16.00 дар ноҳияи якуми Ҷалолобод ду корманди шуъбаи дубляжи расона — Саъдия ва Шаҳнозро ҳадаф қарор доданд ва ҳарду дар беморхона ҷон бохтанд.
Вай афзуд, ки дар ҳамлаи мушобеҳ дар ҳавзаи чоруми Ҷалолобод Мурсал Ҳабибӣ, корманди дигари шуъбаи дубляжи расонаҳо низ ҷон додааст.
Дар ҳамин ҳол, табибони беморхонаи вилоятии Ҷалолобод мегӯянд, як зани роҳгузаре, ки зимни ин ҳамлаҳо маҷрӯҳ шудааст, барои табобат ба бемористон интиқол дода шудааст.
Вобаста ба ҳодисаҳои рухдода, раиси полиси Нангарҳор Ҷумъа Гул Ҳиммат гуфтааст, ки қотили Мурсал боздошт шудааст ва тафтишот идома дорад.
Ҳеҷ гурӯҳ ё шахсе масъулияти ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст.
Қобили қайд аст, ки тақрибан се моҳ пеш, Малолай Майванд, ровии телевизиони Reflection, дар як ҳамлаи мушобеҳ кушта шуда буд.
Ду ҳафта қабл Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон дар як гузориш гуфта буд, ки аз 12 сентябри соли 2020, яъне оғози музокироти сулҳ то 31 январи соли 2021, тақрибан 11 ҳомии ҳуқуқ ва корманди ВАО дар ҳамлаҳои ҳадафнок дар Афғонистон кушта шуданд.
Гузориш меафзояд, ки дар натиҷаи ин ҳамлаҳо, шумораи зиёди мутахассисони касбӣ аз таҳияи матолиби ҷиддӣ даст кашидаанд ва ё тарки вазифа кардаанд ва аксари онҳо, аз ҷумла чеҳраҳои саршинос аз Афғонистон фирор карданд.
Дар байни ин 11 нафар панҷ ҳомии ҳуқуқ ва шаш корманди ВАО буданд, ки дар тӯли чор моҳи охир дар Афғонистон кушта шудаанд.
Гуфта мешавад, ки кушторҳо ба ҷомеа таъсири густарда доранд ва интизориҳои талошҳои сулҳро камтар мекунанд.
Бино ба гузоришҳо, куштори мақсадноки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кормандони ВАО аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи муташаккил ва гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» (мамнуъ дар Тоҷикистон) бо истифода аз маводи тарканда ва силоҳ сурат гирифтааст.
Дар ин гузориш шумораи умумии қурбониёни ҳомиии ҳуқуқ ва кормандони ВАО аз 1 январи соли 2018 то 31 январи соли 2021 65 тан гуфта шудааст, ки 32 нафари онҳо кормандони ҳуқуқи башар ва 33 нафар кормандони ВАО мебошанд.








Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Феҳристи ягонаи электронии субъектҳо таҳия карда мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар амалиёти зерминтақавии зиддимухадиротии СААД дар вилояти Калинингради Русия иштирок намуд
Дар шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ бар асари садамаи нақлиётӣ 11 нафар ба ҳалокат расид
Як гурӯҳ модарон бо шароити хизмати ҳарбии сарбозони яке аз қисми низомӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд
ЧАРО ҲОЛАТҲОИ ҒАРҚШАВӢ КАМ НАМЕШАВАНД? Мутахассисон риояи қоидаҳои бехатариро омили асосии пешгирии ҳодисаҳои нохуш медонанд






