Се корманди телевизиони «Инъикос» дар ду ҳамлаи мусаллаҳона дар вилояти Нангарҳори Афғонистон кушта шуданд

Март 3, 2021 10:58

ДУШАНБЕ, 03.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Раиси радио ва телевизиони «Инъикос» мегӯяд, ки се корманди ин расона дар ду ҳодисаи ҷудогона дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон кушта шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Залмай Латифӣ, раиси радио ва телевизиони «Инъикос» рӯзи  сешанбе, 02 март гуфт, ки дар натиҷаи ду ҳамлаи мусаллаҳона дар вилояти Нангарҳор се корманди зани ин расона кушта шуданд.

Ҷаноби Латифӣ афзуд, ки афроди мусаллаҳи номаълум тақрибан соати 16.00 дар ноҳияи якуми Ҷалолобод ду корманди шуъбаи дубляжи расона — Саъдия ва Шаҳнозро ҳадаф қарор доданд ва ҳарду дар беморхона ҷон бохтанд.

Вай афзуд, ки дар ҳамлаи мушобеҳ дар ҳавзаи чоруми Ҷалолобод Мурсал Ҳабибӣ, корманди дигари шуъбаи дубляжи расонаҳо низ ҷон додааст.

Дар ҳамин ҳол, табибони беморхонаи вилоятии Ҷалолобод мегӯянд, як зани роҳгузаре, ки зимни ин ҳамлаҳо маҷрӯҳ шудааст, барои табобат ба бемористон интиқол дода шудааст.

Вобаста ба ҳодисаҳои рухдода, раиси полиси Нангарҳор Ҷумъа Гул Ҳиммат гуфтааст, ки қотили Мурсал боздошт шудааст ва тафтишот идома дорад.

Ҳеҷ гурӯҳ ё шахсе масъулияти ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст.

Қобили қайд аст, ки тақрибан се моҳ пеш, Малолай Майванд, ровии телевизиони Reflection, дар як ҳамлаи мушобеҳ кушта шуда буд.

Ду ҳафта қабл Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон дар як гузориш гуфта буд, ки аз 12 сентябри соли 2020, яъне оғози музокироти сулҳ то 31 январи соли 2021, тақрибан 11 ҳомии ҳуқуқ ва корманди ВАО дар ҳамлаҳои ҳадафнок дар Афғонистон кушта шуданд.

Гузориш меафзояд, ки дар натиҷаи ин ҳамлаҳо, шумораи зиёди мутахассисони касбӣ аз таҳияи матолиби ҷиддӣ даст кашидаанд ва ё  тарки вазифа кардаанд ва аксари онҳо, аз ҷумла чеҳраҳои саршинос аз Афғонистон фирор карданд.

Дар байни ин 11 нафар панҷ ҳомии ҳуқуқ ва шаш корманди ВАО буданд, ки дар тӯли чор моҳи охир дар Афғонистон кушта шудаанд.

Гуфта мешавад, ки кушторҳо ба ҷомеа таъсири густарда доранд ва интизориҳои талошҳои сулҳро камтар мекунанд.

Бино ба гузоришҳо, куштори мақсадноки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кормандони ВАО аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи муташаккил ва гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» (мамнуъ дар Тоҷикистон) бо истифода аз маводи тарканда ва силоҳ сурат гирифтааст.

Дар ин гузориш шумораи умумии қурбониёни ҳомиии ҳуқуқ ва кормандони ВАО аз 1 январи соли 2018 то 31 январи соли 2021 65 тан гуфта шудааст, ки 32 нафари онҳо кормандони ҳуқуқи башар ва 33 нафар кормандони ВАО мебошанд.

Март 3, 2021 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаҳои даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъбаст гардиданд
ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақвият мебахшанд
Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд