Шойгу изҳор намуд, ки Россия аз ҷойивазкунии гурӯҳҳои калони террористҳо дар Афғонистон нигарон аст
ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати мудофиаи Россия аз ҷойивазкунии гурӯҳҳои калони террористҳо дар Афғонистон ва кишварҳои дигар нигарон аст. Дар ин бора вазири мудофиаи Россия Сергей Шойгу дар мусоҳиба бо хабаргузории Қазоқистон «Tengrinews», ки имрӯз нашр шудааст, изҳор доштааст.
«Чӣ моро нигарон мекунад? Ва на танҳо моро, балки тамоми минтақаро. Гурӯҳҳои калони террористҳо дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла дар Афғонистон ҷойҳои худро иваз мекунанд. Дар онҷо алакай ДИИШ (номи кӯҳнаи созмони террористии Давлати Исломӣ, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст — тавзеҳи АМИТ «Ховар») пайдо шудааст ва мо омадани онҳоеро, ки дар аввал аз Афғонистон ба Сурия рафта буданд ва ба замми онҳо афроде, ки аз Сурия ба дигар кишвар рафтаанд, мушоҳида мекунем», — гуфт Шойгу дар посух ба савол дар бораи вазъи Афғонистон.
Ба гуфтаи ӯ, мушкили ҷиддии дигари Афғонистон истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир мебошад.
«Мо ҳама дар ин минтақа, дар ин ҳудуди умумии худ зиндагӣ мекунем. Ҳамсояҳоямон ва мо наметавонем дарк накунем, ки онҳо на танҳо бо мо ҳамсоя ҳастанд, балки онҳо бо дӯстони наздиктарини мо, бо халқҳои бародари мо, бо касоне, ки мо бо онҳо асрҳо якҷоя зиндагӣ мекунем ва Худо хоҳад, дар оянда низ якҷоя зиндагӣ хоҳем кард, ҳамсоя мебошанд. Албатта, инҳо Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон мебошанд», — шарҳ дод вазири мудофиаи Федератсияи Россия.
Вай инчунин дар бораи созишномаи маъмурияти қаблии ИМА, муттаҳидони он ва эътилоф дар бораи ихроҷи қӯшунҳо аз Афғонистон ибрози назар кард. «Он чизе ки мо то имрӯз мушоҳида мекунем ин аст ки гоҳ — гоҳ мегӯянд, ки “меравем — мемонем, мемонем — меравем». Зимнан ҳамин ҳолат дар кишварҳои гуногун мушоҳида мешавад. Аз як тараф онҳо гӯё эътилоф мебошанд, ҳар кадоме барои минтақаи худ масъулият дорад, аммо бо иваз шудани президентҳо гоҳе «меравем», гоҳе «мемонем» мегӯянд, — шарҳ дод Шойгу.
«Ман ба ҳамтоёнам аз Иёлоти Муттаҳида ва аз Бритониёи Кабир гуфтам, ки рафтан замоне ҷоиз аст, ки агар шумо комилан мутмаин бошед, ки дар он ҷо зиндагии осоишта танзим шудааст. Ва аҳолии маҳаллӣ чизе ба даст овардааст ва метавонад, ки ба истиснои маводи мухаддир, даромаде ба даст биоварад. Барои ин, ба онҳо чунин имконият додан лозим аст, то онҳо битавонанд чизе истеҳсол кунанд ва чизеро бифурӯшанд, то зиндагии муқаррарӣ дошта бошанд», — таъкид кард роҳбари Вазорати мудофиаи РФ.
29 феврали соли 2020 маъмурияти қаблии ИМА ва ҳаракати “Толибон” (дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар Доҳа созишномаи сулҳро имзо карданд. Иёлоти Муттаҳида, муттаҳидонаш ва эътилоф уҳдадор шуданд, ки дар тӯли 14 моҳ тамоми қӯшунҳояшонро аз кишвар хориҷ хоҳанд кард. “Толибон” бошанд, кафолат доданд, ки қаламрави Афғонистонро барои амалҳое, ки ба амнияти ИМА ва муттаҳидони он таҳдид мекунанд, истифода нахоҳанд кард. Иштирокчиёни музокирот байни “Толибон” ва намояндагони ҳукумати Афғонистон, ки баъд аз ин шурӯъ шуданд, ҳатто ба таҳияи рӯзномаи худи музокироти сулҳ муваффақ нашуданд ва ба бунбаст расиданд. Маъмурияти нави ИМА ҳанӯз дар бораи хуруҷи қӯшунҳо аз Афғонистон тасмим нагирифтааст.
АКСИ Tengrinews








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






