Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамоҳангсози кишварии СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Март 20, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 20.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 март вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамоҳангсози кишварии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлу баргузор гардид. Дар мулоқот инчунин Султон Раҳимзода, Ҳамраиси Кумитаи ҳидояткунандаи байналмилалии Конфронси Душанбе оид ба об – 2022 ширкат намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ натиҷаҳои чорабинии муштараки Вазорат ва тими кишварии СММ зери унвони «Муколамаи фарогир байни вазорату идораҳо ва тими кишварии СММ оид ба ислоҳоти Дабири кулли СММ» (11 марти 2021) ва  масъалаҳои марбут ба коҳиши пайомадҳои иқтисодӣ-иҷтимоии ҳамагирии COVID-19, аз ҷумла дастрасӣ ба COVAX мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои муштарак барои таҳким ва тавсеаи ҳамкории мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин тарафҳо атрофи татбиқи ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар доираи он, аз ҷумла Конфронси Душанбе– 2022 табодули назар намуданд.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Март 20, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд