Сироҷиддин Муҳриддин бо Мавлуд Човушоғлу мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 29.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 марти соли 2021 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, баргузор гардид.
Дар ҷараёни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар заминаҳои гуногун ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
Дар поёни мулоқоти дуҷониба Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ташрифот байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия ва Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2021-2023 ба имзо расиданд.










Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






