Субрахманиям Ҷайшанкар: «Ҳиндустон Тоҷикистонро дар соли раёсаташ дар СҲШ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд»
ДУШАНБЕ, 30.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкарро, ки барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Нуҳумин конфронси вазирони «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар дар нишасти хабарӣ натиҷаҳои мулоқотро бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин шарҳ дод: «Дар вохӯрӣ бо Президенти Тоҷикистон мо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намудем. Аз ҷумла, мубориза бо ҳамагирии COVID-19 ва масъалаҳои вобаста ба Афғонистон, ки ман барои иштирок дар ин конфронси вазирони «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» ба Тоҷикистон ташриф овардаам».
Ба гуфти Субрахманиям Ҷайшанкар, Ҳиндустон Тоҷикистонро дар соли раёсаташ дар Созмони ҳамкории Шанхай ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. «Мояи хушнудист, ки Ҳиндустон дар амалисозии лоиҳаи сохтмони шоҳроҳи 8-қатории Душанбе-Чортут саҳми шоиста дорад», — таъкид намуд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон.
31 март дар доираи сафари расмӣ дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар бо ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот менамояд, ки аз натиҷаи он баимзо расидани санадҳо дар назар аст.
Акс аз Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






