Тоҷикистон ва Ҳиндустон рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд

Март 31, 2021 16:32

ДУШАНБЕ, 31.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 31 март дар Душанбе вохӯрии  дуҷониба байни Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар, ки бо сафари расмӣ дар кишвари мо қарор дорад, баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳавасмандии худро бобати тақвият бахшидани ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои мухталиф изҳор намуданд. Ҳамчунин масъалаҳои тавсеа ва таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Дар вохӯрӣ роҷеъ ба татбиқи тавофуқоти дар чаҳорчӯби сафарҳои сатҳи олӣ бадастомада, имзои санадҳои нави дуҷониба, танзими чорабиниҳои муштарак дар шаклҳои  гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби нишастҳои Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҳиндустон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Дар ин росто, ҷонибҳо аҳамияти густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ ва мудофиаро таъкид карданд.

Ҷонибҳо дар мавриди мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ-терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ омодагии худро изҳор карданд.

Зимнан таъкид гардид, ки баргузории Нуҳумин Конфронси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”, ки 30 марти 2021 дар Душанбе баргузор гардид, ҷиҳати пешбурди раванди сулҳ, ҳалли қазияи Афғонистон ва тавсеаи ҳамкорӣ  бо кишварҳои ширкаткунандаи Раванд мусоидат хоҳад кард.

Дар мулоқот инчунин дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Муколамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТИИ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин
аз натиҷаи вохӯрӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субраҳманям Ҷайшанкар

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Март 31, 2021 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд