Тоҷикистон ва Украина вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорииро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 06.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 март дар Киев мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Вазири рушди иқтисод, тиҷорат ва кишоварзии Украина Игор Петрашко доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишварзӣ, нақлиёту транзит, сайёҳӣ ва маорифро баррасӣ намуданд.
Иҷрои Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва омодагӣ ба баргузории ҷаласаи навбатии Комиссия дар соли ҷорӣ дар Душанбе, инчунин масъалаи барқарор намудани парвозҳои мунтазам байни пойтахтҳои ду кишвар дар меҳвари мулоқот қарор дошт.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






