Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии Афғонистон мулоқот намуд

Март 1, 2021 17:07

ДУШАНБЕ, 01.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 март дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ доир гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои вазъи минтақа ва Афғонистон, раванди музокироти байниафғонӣ, робитаҳои байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои гуногун, бахусус таҳкиму густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, қонунгузорӣ ва табодули таҷриба сурат гирифт.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ аз тариқи гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузории барои халқу кишварҳоямон муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳад. Бо ин ҳадаф Гурӯҳи дӯстӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вулуси ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташкил шудааст.

Изҳори умедворӣ шуд, ки ҷиҳати густариши робитаҳои байнипарлумонӣ гурӯҳи дӯстии ташкилгардида саҳми босазо гузошта, иштироки фаъоли парлумонҳои ду давлати дӯсту бародарро дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ таъмин намояд. Ҳамчунин зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарокат байни ду кишвари ҳамҷавор ва ҳамзабон имкон медиҳад, ки Душанбе ва Кобул дар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи яксон ё наздик дошта бошанд.

Ҷонибҳо изҳор карданд, ки муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир самти муҳими ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад. Таъкид шуд, ки ҷиҳати рафъи паёмадҳои ҳамагирии «Ковид-19» ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ байни ду кишвар бояд афзояд.

Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Дар ин робита, ҷониби Тоҷикистон аз раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ дар Давҳа истиқбол мекунад. Ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки музокироти сулҳи байниафғонӣ заминаи мустаҳкамро барои барқарорсозии сулҳу оромӣ дар кишвари азияткашида гузорад.

Тоҷикистон нақши калидии Афғонистонро дар таъмини амният дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хуб дарк намуда, аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоии он ҳамеша пуштибонӣ мекунад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Афғонистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва ғайра бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд.

Ҷонибҳо аз сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ ва байнипорлумонии байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Март 1, 2021 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад