Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Март 23, 2021 09:34

ДУШАНБЕ, 23.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо пешниҳоди ҷониби Афғонистон суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар доир гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар суҳбат масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки ӯ дар маросими ифтитоҳи Конфронси нуҳуми вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул», ки 30 марти 2021 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар суҳбат ҳамчунин роҷеъ ба вазъи Афғонистон, ҳамкории минтақавӣ дар раванди истиқрори сулҳ ва субот дар он кишвар, амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ, ба хусус дар бахшҳои энергетика, зерсохтор ва нақлиёт, бо дастгирии созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва мавзӯъҳои дигар табодули назар сурат гирифт.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

 

Март 23, 2021 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд