Вокуниши Бонки миллии Тоҷикистон ба мақолаи бардурӯғ ва аз ҳақиқат дури «Азия Плюс»

Март 5, 2021 10:00

ДУШАНБЕ, 05.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ба маводи нашрнамудаи хабаргузории «Азия-Плюс» аз 26 феврали соли 2021- «БМТ ба ошкор намудани хориҷиёне, ки дар Тоҷикистон хизмати электронӣ мерасонанд, кумак мекунад» вокуниш намудааст.

Дар зер матни ин вокуниш, ки имрӯз ба АМИТ «Ховар» расид,  пешниҳод карда мешавад:   

«Дар мақолаи нашрнамудаи хабаргузории «Азия-Плюс» аз 26 феврали соли 2021 зери унвони «БМТ ба ошкор намудани хориҷиёне, ки дар Тоҷикистон хизмати электронӣ мерасонанд, кумак мекунад” гуфта мешавад, ки “БМТ баъди ба кор андохтани Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ акнун ҳамаи имкониятро барои муайян кардани фиристанда ва гирандаи қариб ҳар як интиқоли анҷомдода дар ихтиёр дорад”.

Ин гуфтаҳо ба ҳақиқат рост намеоянд ва метавонанд аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатиро, ки истифодабарандагони асосии хизматрасониҳои молиявианд, ба иштибоҳ андозанд.

Бо дарназардошти аҳамияти иҷтимоии интиқоли маблағҳо, ҳадафи асосии таъсиси Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ (ММП) дар назди БМТ- ин созмон додани як платформаи муназзам ва дар таҷрибаи ҷаҳонии бонкҳои марказӣ бесобиқа мебошад, ки баъзе навгониҳои институтсионалӣ ва барномавию техникиро (фановариро) дарбар гирифта, барои ҳисоббаробарии зуду бехатар ва муттасили интиқоли фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ равона шудааст(https://nbt.tj/ru/news/491761/?sphrase_id=66155).

ММП ба сифати низоми мусоиду беназир барои рушди бозори интиқоли маблағҳо имконияти навро дар ихтиёри мо қарор дода,  ба боло рафтани сатҳи боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ, диверсификатсияи хизматрасониҳои молиявӣ ва инчунин аз байн бурдани монополияи яке аз низомҳои пардохт мусоидат менамояд ва бояд гуфт, ки он бахусус хароҷоти транзаксияҳои муҳоҷирони меҳнатиро коҳиш медиҳад.

Бонки миллии Тоҷикистон таъкид месозад, ки ММП бо фаъолияти таҳвилгарони хизматрасониҳои электронӣ (Google, Facebook ва ғайра) ҳеч алоқамандие надорад, аз ин рӯ чунин андеша, ки гӯё ММП ба маълумот дар бораи фаъолияти шахсони хориҷӣ- таҳвилгарони хизматрасониҳои электронӣ дастрасӣ дорад, нодуруст ба ҳисоб меравад.

Таъкиди ин нукта низ муҳим аст, ки навгониҳои ислоҳоти ММП хароҷоти маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷирони меҳнатиро на зиёд, балки коҳиш дода, ба дастрасии мунтазами табақаҳои осебпазири аҳолӣ ва нигаҳдории суботи молиявии кишвар мусоидат хоҳанд кард. Бо дарназардошти ҳассос будани ин масъала ва аҳамияти иҷтимоии он ҷорӣ кардани ягон навъи андоз ба ин гуна амалиёт, ки хусусияти тиҷоратӣ надоранд, нораво мебошад ва он зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бахусус бояд зикр намуд, ки маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки берун аз қаламрави кишвар фароҳам меоянд, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи мамлакат андозбандӣ намешаванд.

Дар робита ба гуфтаҳои боло, Бонки миллии Тоҷикистон чунин мешуморад, ки маълумоти дар мақола интишоршуда нодуруст ва дур аз ҳақиқат аст. Шарҳу маънидоди нодурусти масъалаҳои ҳассоси иҷтимоӣ ба фазои иҷтимоӣ таъсири манфӣ расонида, минбаъд ҷараёни вуруди ғайрирасмии маблағҳои интиқолшавандаро зиёд месозад, ки ин боиси боло рафтани саҳми иқтисодиёти ғайрирасмӣ гардида, ба муҳити сармоягузорӣ таъсири ногувор дорад ва шиддати иҷтимоиро ба миён меорад.

Бо мақсади роҳ надодани ба ҳар гуна таҳрифи маълумот ва шарҳи дурусти чунин интишорот аз намояндагони ВАО бо қатъият хоҳиш менамоем, ки дар ин хусус қаблан бо танзимгар-Бонки миллӣ машварат намоянд».

Март 5, 2021 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Хайринисо Идрисова: «Дастарӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид