11 апрел даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо — «Сайри гули лола» бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад

Апрель 6, 2021 08:21

ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Даври ҷамъбастии  Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо- «Сайри гули лола» 11 апрел дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии  шаҳри Душанбе  бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ин нуктаро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба баргузор намудани озмуни мазкур Абдуҷаббор Раҳмонзода 5 апрел зимни ҷаласа оид ба гузаронидани даври ҷамъбастии озмуни мазкур дар соли 2021, ки дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки аъзои гурӯҳ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор доир шуд, баён намуд.

Мавсуф иброз намуд, ки  «Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо — «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019-2021 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, он ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст».

Муовини якуми роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар гузориши худро доир ба натиҷаҳои баргузории озмун дар тамоми мамлакат манзур намуд.

Роҳбари гурӯҳ аз тамоми иштирокдони озмун, ки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат дар ин рӯз ширкат  меварзанд, даъват ба амал овард, ки дастовардҳои беназири гулпарварии худро ба сокинони ҷумҳурӣ ва ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Қосим Роҳбар зикр намуд, ки баргузории озмун дар тамоми ҷумҳурӣ нишон дод, ки мардуми тоҷик аз азал ба зебоипарастӣ ва сабзу хуррам намудани муҳити зист, ободиву созандагӣ таваҷҷуҳи хосса дошта, дар гулпарварӣ низ таҷрибаи бой доранд. Инчунин баргузории озмун ба эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром ба тамоми зебоӣ, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони шаҳр ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва дар ин замина, ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи махсус мегузорад.

Ба гуфти мавсуф, дар ҷамъбасти озмун аз рӯи чор номина- «Боғи беҳтарин»,  «Гулгашти беҳтарин»,  «Кӯча ё хиёбони беҳтарин» ва  «Гулпарвари беҳтарин» ғолибон муайян шуда, бо мукофотҳо қадрдонӣ мегарданд.

Зикр шуд, ки дар вилояти Суғд озмуни мазкур то баргузории даври ҷумҳуриявӣ идома ёфта, масъулин бояд ба роҳбари гурӯҳи корӣ ҳисобот пешниҳод намоянд. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки бо сабабҳои номусоидии вазъи боду ҳаво ва бориши зиёди барф дар ВМКБ Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» дар ин минтақаҳо давра ба давра то таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки аъзои Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, аз натиҷаи он ба роҳбари гурӯҳ гузориш манзур шавад.

Инчунин ба роҳбарияти вазоратҳои фарҳанг ва кишоварзӣ, кумитаҳои рушди маҳал, ҳифзи муҳити зист, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-«Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018  давоми солҳои 2019-2021 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи рушди маҳал мукофотонида мешаванд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Апрель 6, 2021 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» баргузор мегардад
Бахшида ба 1160-солагии олими маъруфи тоҷик Абубакри Розӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Филми «Сарчашма»-и коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи «Таваҷҷуҳи тамошобин» гардид
Дар ЮНЕСКО ба бузургдошти 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ конфронси илмӣ-байналмилалӣ доир мегардад
Дар Брюссел бахшида ба «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ҳамоиш баргузор шуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардиданд
Тсю Донгюй бо мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон шинос гардид
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат бо мақсади татбиқи Консепсияи миллии тарбия вохӯрӣ доир шуд
Китобҳои ноширони тоҷик ба Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Абузабӣ» пешниҳод шуданд
Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев аз олам даргузашт
«ДАСТХАТҲОИ ҚАЛЪАИ МУҒ». Нодиртарин ёдгориҳои Тоҷикистон ба рӯйхати «Ҳофизаи ҷаҳонӣ»-и созмони ЮНЕСКО дохил гардиданд
Дар Тоҷикистон ҳунари балети Узбекистон муаррифӣ карда мешавад