Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисию табобатии «Тибби Сино»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамчунин дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави маркази ташхисию табобатии “Тибби Сино”-ро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти муосир аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст — Иномҷон Тоҷибоев, Абдусалом Раҳимов ва Равза Мирзоева бунёд гардидааст.
Дар ин ҷо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо бунёди бинои нави маркази ташхисию табобатии муосир боз 40 ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, мутахассисони соҳибкасби маҳаллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли 2015 бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ ва истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ оғоз гардида, моҳи апрели соли 2021 бо сифати баланди сохтмонӣ ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои милливу ҷаҳонӣ ба анҷом расид.
Иншоот бо тарҳу усули муосир дар масоҳати умумии 2618 метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду бинои чорошёна ва таҳхона иборат мебошад. Барои ташхису табобат таҷҳизоти соҳавии замонавӣ, ки аз давлатҳои Туркия, Ҳиндустон ва Чин дастрас гардидаанд, насбу васл гардидаанд ва марказ дорои лаборатория ва 30 ҳуҷраи хоби беморон бо 60 кат барои беморон мебошад.
Дар ошёнаҳои бинои маркази мазкур 22 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла утоқи бақайдгирӣ, гӯшаи гиёҳдармонӣ, ҳуҷраи ташхиси ултрасадо, ҳуҷраи гӯшу гулӯву бинӣ, асабшинос, бемориҳои даруна, табобати дандон ва урологӣ ҷойгир мебошанд.
Маркази ташхисиву табобатии “Тибби Сино” ҳамчунин дорои шуъбаи дилу рагҳо, шуъбаи бемориҳои занона ва даруна, шуъбаи асаб ва шуъбаи ҷарроҳӣ буда, дар он яке аз амалиёти нозуку мураккаб — ҷарроҳии гирифтани чӯраи байнимуҳрагӣ ба таври эндоҷарроҳӣ гузаронида мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо иншооти мазкур баҳри ҳифзу нигаҳдошти солимии аҳолӣ ба табибон ва масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.









Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд






