Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Пойгоҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар деҳоти Ворух ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 09.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ворух бинои нави Пойгоҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, воқеъ дар деҳоти Ворухро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нав аз се ошёнаи дорои қисми навбатдорӣ, утоқҳои кории муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ, синфхонаи таълимӣ ва ҳуҷраҳои зист иборат мебошад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2019 оғоз гардида, давоми се сол бо ҷалби қариб 100 нафар бинокори маҳаллӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд.
Пойгоҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, воқеъ дар деҳоти Ворух ҳамчунин дорои таваққуфгоҳ барои воситаҳои нақлиёт, нуқтаи тиббӣ, ошхона, китобхона ва маҷлисгоҳ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароити арзандаи кору фаъолият фароҳам оварда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти замонавӣ кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона бар нафъи халқу Ватан ва саҳмгузории бештар дар пойдории сулҳу субот даъват намуданд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлобро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар шаҳри Панҷакент сохтмони иншооти иҷтимоӣ вусъат меёбад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии «Ориё» расман оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ боғчаи бачагонаи «Маҳдия»-ро ба истифода супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба таври фосилавӣ 20 иншооти таъиноташон гуногун ва 70 километр роҳҳои маҳаллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии «Эҳсон»-ро ба истифода доданд
Дар шаҳри Москва 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Беморхонаи хусусии «Тибби Ҳулбук»-ро мавриди истифода қарор доданд






