ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҳисор мумфаршкунии роҳҳо бомаром идома дорад

Апрель 27, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорон ва аҳолии кӯчаи Саъдии Шерозии маҳаллаи Ҳамадонӣ дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор ба мумфаршкунии кӯчаи худ иқдом намуданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ Раиси шаҳри Ҳисор  Шарифҷон Ҷумъазода иштирок карда, бо сокинони маҳалла суҳбат намуд. Мавсуф ба соҳибкорон, волидайни онҳо ва сокинон барои ободониву бунёдкорӣ дар маҳалла арзи сипос карда, аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, саҳми соҳибкорон дар бунёди иншооти ҳаётан муҳими иҷтимоӣ дар шаҳр ёдрас намуда, аз идомаи босуръати корҳо дар ин самт изҳори қаноатмандӣ намуд.

Зикр гардид, ки сокинони шаҳри  Ҳисор дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат дар шаҳр беш аз 500 иншооти ҷашниро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ният доранд  то таҷлили ҷашни пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ тамоми иншооти ҷашниро, ки теъдодашон 866 ададро ташкил медиҳад, ба истифода диҳанд.

Ин дар ҳолест, ки соли 2021 дар шаҳри Ҳисор Соли роҳҳои обод эълон гардида, дар доираи он  роҳҳои кӯчаҳо, маҳаллаву деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таҷдиду навсозӣ ва мумфарш мегарданд.

Ба мумфаршкунии роҳҳои маҳалла роҳсозони ҶДММ «Роҳи тоҷик» ва Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Ҳисор сафарбар гардида, азм доранд бо истифода аз асфалти хушсифат дар муддати кӯтоҳ мумфаршкуниро ба анҷом расонанд. Дар идомаи ин ташаббус ҳамчунин кӯчаи Баҳор, маҳаллаи Ҳамадонӣ ва қисме аз кӯчаҳои маҳаллаи Рӯдакӣ ба масофаи 8 километр мумфарш ва ҷӯю биноҳои маъмурию истиқоматии шафати роҳҳо таъмиру рангу бор карда мешаванд.

Апрель 27, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд