Ҳайати вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон аз дарғоти Канали калони Ҳисор дидан намуд
ТУРСУНЗОДА, 22.04.201 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати кории вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии раиси вилоят Тура Боболов дар доираи ҳамкории байнидавлатӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф овард. Дар гузаргоҳи сарҳадии «Дӯстӣ» ҳайати кориро раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода дар фазои танатанавӣ пешвоз гирифт. Дар ин бора котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Аъзои ҳайати корӣ доир ба ҳамкории судманд дар самти истифодаи самараноки захираҳои обӣ бо раиси шаҳр суҳбат ороста, аз манбаъҳои обии шаҳр ва дарғоти Канали калони Ҳисор дидан намуданд. Дар натиҷаи ҳамкории судманди тарафайн барои тоза намудани каналҳо аз вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон техника сафарбар гардида, қисмати дар натиҷаи сел зарардидаи дарғоти Канали калони Ҳисор аз таъмир бароварда шуд.
Канали калони Ҳисор яке аз калонтарин шабакаи обёрӣ дар водии Ҳисор ба ҳисоб рафта, аз дарёи Душанбе (Варзоб) сарчашма гирифта, то дарёи Қаратоғ ба масофаи 50 км тӯл кашидааст. Канал замини ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, шаҳри Турсунзода ва заминҳои ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистонро бо об таъмин менамояд. Канал солҳои 1938-1942 ба таври дастӣ ва тариқи ҳашар бо иштироки беш аз 100 ҳазор нафар колхозчиён бунёд гардида, 12 сентябри соли 1942 мавриди истифода қарор гирифтааст.








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд






