Ҷамолиддин Абдуллозода 10 нафар осебдидагони садамаи нақлиётиро аёдат намуд

Апрель 27, 2021 09:21

ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ бо вазъи саломатии 10 нафар шаҳрвандоне, ки шоми 24 апрел бар асари оташ гирифтани нақлиёти мусофирбари тамғаи  «Хундай-Старекс» ҷароҳат бардоштаанд, шинос шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ҷамолиддин Абдуллозода   ҳамзамон бо наздикону пайвандони осебдидагон суҳбат намуда, иброз дошт, ки Вазорат баҳри табобати онҳо тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона менамояд.

Мавсуф барои дар сатҳи баланд расонидани хизмати тиббӣ ба осебдидагон ба роҳбарияти беморхонаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода, огоҳ намуд, ки табобати онҳо пурра ройгон ба роҳ монда шавад ва ҷараёни табобати онҳо  зери назорати бевоситаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дорад.

Инчунин, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор пайвандони бемороне, ки дар беморхонаи мазкур бистарӣ мебошанд, гуфтугӯи озод анҷом дода, аз онҳо доир ба  рафти хизматрасонии тиббии  муассисаи мазкур пурсон шуд.

Ёдовар мешавем, ки шоми 24-уми апрели соли 2021 тахминан 19:30 дақиқа мошини тамғаи «Хундай-Старекс», ки онро сокини 32-солаи деҳаи Шараф, ҷамоати деҳоти Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ идора мекард, ба девори бетонии ҳошияи роҳ бархӯрда, чаппа шуда оташ гирифтааст. Дар садамаи мазкур 12 нафар маҷрӯҳ шуда, бо ҷароҳатҳои гуногун дар Беморхонаи марказии Дӯстӣ бистарӣ шуданд ва ду нафарашон  бар асари ҷароҳати вазнин ба ҳалокат расидаанд.

Ҳоло вазъи саломатии 10 нафари дигар муътадил арзёбӣ мешавад.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Апрель 27, 2021 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд