«Амонатбонк» барои дастгирии деҳқонони Тоҷикистон иқдоми нави «Кишоварз»-ро ба роҳ андохт

Апрель 13, 2021 14:24

ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк» дар мавсими  кишту кори баҳории соли 2021 “маҳсулот”-и нави қарзӣ- иқдоми «Кишоварз»-ро роҳандозӣ намуд, ки дар доираи татбиқи он ба деҳқонону кишоварзони мамлакат қарзҳои имтиёзнок пешниҳод  карда мешаванд. Доир ба раванди амалигардонии  ин иқдом   хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА бо Сардори департаменти қарздиҳии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Абдувалӣ ҶАФАРОВ суҳбат анҷом дод.

АМИТ «Ховар»: — Абдувалӣ Ҳусейнович, лутфан бигӯед, ки ҳадафи иқдоми «Кишоварз-2021» аз чӣ иборат аст?

Абдувалӣ Ҷафаров: — «Амонатбонк» ҳамчун Бонки давлатӣ ва ё бо ифодаи дигар, ҳамчун бонки мардумӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ саҳм гузошта, боварӣ ва  эътимоди мардумро ба низоми бонкӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ дорад.

Бо мақсади дар амал  татбиқ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати дастгирии хоҷагиҳои деҳконӣ,   соҳибкории хурду миёна ва дар ин замина таъмини амнияти озуқавории кишвар, ғанӣ гардонидани бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ ва зиёд намудани маҳсулоти содиротии соҳаи кишоварзӣ “Амонатбонк” иқдоми навбатии «Кишоварз-2021»-ро роҳандозӣ намуд.

АМИТ «Ховар»: — Қарзҳои имтиёзноке, ки дар доираи иқдоми мазкур ба муштариён пешниҳод мегарданд, танҳо ба кишоварзон дода мешаванд?

Абдувалӣ Ҷафаров: — Бале, ин иқдом танҳо ба соҳаи кишоварзӣ  ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, картошкапарварӣ, боғдорӣ, зироаткорӣ, пахтакорӣ, занбӯрпарварӣ, чорводорӣ, харидории техникаҳои кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои ба кишоварзӣ нигаронидашуда равона карда мешавад.

         

АМИТ «Ховар»: — Соҳибкороне, ки ба коркарду бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан меваю сабзавот машғуланд, имкон доранд аз қарзҳои имтиёзноки иқдоми «Кишоварз-2021» баҳравар гарданд?

Абдувалӣ Ҷафаров: — Тавре дар боло зикр гардид, иқдоми мазкур танҳо барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ равона карда мешавад. Бинобар ин, банду баст намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва ба фурӯш баровардани онҳо хусусияти тиҷоратӣ дошта, ба иқдоми мазкур рабт надоранд. «Амонатбонк дар пешниҳоди қарзҳои ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, соҳаи саноат равонашаванда низ имтиёз пешбинӣ намудааст, ки назар ба дигар соҳаҳо 2 банди фоизӣ (бо сомонӣ 22 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ 10 фоизи солона) паст мебошад.

АМИТ «Ховар»: — Мехостем доир ба шарт, меъёри фоизи қарзҳои имтиёзнок ва муҳлати он ба хонандагон ба таври возеҳ маълумот пешниҳод намоед.

Абдувалӣ Ҷафаров: — Шартҳои қарзи мазкур инҳоянд:

— маблағи қарзи пешниҳодшаванда — аз 3 000 (се ҳазор) то 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ бо пули миллӣ ва то 50 000 (панҷоҳ ҳазор) доллари ИМА;

— мақсади қарз- истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (картошкапарварӣ, боғпарварӣ, зироаткорӣ, пахтакорӣ, занбӯри асалпарварӣ, чорводорӣ, харидорӣ намудани техникаҳои кишоварзӣ ва ғайра);

— муҳлати қарз — то 36 моҳ;

— меъёри фоизи солонаи қарз — бо пули миллӣ 18 фоизи солона ва бо доллари ИМА 8 фоизи солона;

—  таъминнокӣ — то 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ ва то 1500 (як ҳазору панҷсад) доллари ИМА таҳти замонати шахси сеюм ва маблағи зиёд аз он таҳти таъминнокии молу мулки ғайриманқул;

— тартиби пардохт — дар пардохти қарзи асосӣ то 6 моҳи давраи аввал имтиёз дода шуда, баъди гузаштани ин муҳлат қарз бо усули ануитет пардохт мегардад.

АМИТ «Ховар»: —  Агар  муштарӣкишоварз қарзи имтиёзноки гирифтаашро дар муҳлати муайян пардохт карда натавонад, масалан ҳолатҳое мешаванд, ки ҳосил бар асари номусоидии боду ҳаво талаф меёбад, дар ин маврид «Амонатбонк» нисбат ба қарзгир  чӣ тадбир меандешад?

Абдувалӣ Ҷафаров: — Дар чунин ҳолатҳо аз ҷониби масъулини бонк ҳолати воқеии қарзгир санҷида шуда, дар доираи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба қарзгир имтиёзҳо дода мешаванд. Масалан, муҳлати қарз тамдид гардида ва ё то муътадил гардидани вазъи молиявии ӯ ҳисобкунии фоиз аз рӯи қарзи қарздор боздошта мешавад. Ҳатто дар ҳолатҳои пурра аз даст додани қобилияти пардохтпазирӣ низ бонк аз ситонидани фоизи қарз худдорӣ менамояд.

АМИТ «Ховар»: — Оё солҳои қаблӣ чунин иқдомҳо, ба мисли «Кишоварз» дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардида буданд ва онҳо чӣ натиҷаю самара дода буданд?

Абдувалӣ Ҷафаров: — «Амонатбонк» бо мақсади дастгирии кишоварзон ва беҳбудии некуаҳволии мардуми  кишвар бо назардошти он ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, зиндагии мардум аз кишоварзӣ вобастагии калон дорад, чунин иқдомҳоро роҳандозӣ менамояд. Масалан, чунин як иқдом соли 2020 дар фасли баҳор эълон гардида, бо дархости кишоварзон ба хотири номусоидии боду ҳаво, ки кори кишоварзонро ба таъхир гузошта шуда буд ва ҳатто дар баъзе ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон кишту кори баҳорӣ аз нимаҳои моҳи апрел оғоз ва дар дигар ҷойҳо боиси аз нав кишт намудани маҳсулоти кишоварзӣ  шуд буд, муҳлати он дар ду давра тамдид шуда, то моҳи июн мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Аз ҳисоби иқдоми мазкур соли гузашта ба 3 ҳазору 492 муштарӣ ба маблағи 52,6 миллион сомонӣ маблағҳои имтиёзнок пешниҳод гардиданд.

АМИТ «Ховар»: — Барои  аз «Амонатбонк» дастрас намудани қарзҳои имтиёзнок кишоварзон бояд аввал ба куҷо ва ба кӣ муроҷиат намоянд?

Абдувалӣ Ҷафаров:  — Дар тамоми ҷумҳурӣ 75 филиал ва 546 маркази хизматрасонии «Амонатбонк» амал мекунанд. Инчунин аз тарафи дастгоҳи марказӣ дастури рӯимизӣ таҳия гардида, аз ҷониби филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонк ба муштариён пешниҳод гардидааст, ки дар он ба таври оммафаҳм ҳамаи шартҳои иқдоми «Кишоварз» дарҷ гардидаанд.

АМИТ «Ховар»: — Ғайр аз иқдоми «Кишоварз» «Амонатбонк» боз дар кадом соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар ба муштариён қарзҳои имтиёзнок пешниҳод менамояд?

Абдувалӣ Ҷафаров: — Ҳамзамон дар нақша аст, ки дар оянда вобаста ба талаботи муштариён маҳсулоти нави қарзӣ барои дигар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар  бо фоизҳои нисбатан имтиёзнок роҳандозӣ гарданд.

                  АКСҲО  аз АМИТ «Ховар», «Амонатбонк» ва манбаъҳои боз

Апрель 13, 2021 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рӯзи кормандони соҳаи энергетика фаъолони соҳа қадрдонӣ шуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Неругоҳи барқи обии «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа аст
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
Коршиносони ширкати Чин бо шароити хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд
Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд
Вобаста ба нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.3719 то 11.2000 сомонӣ муқаррар шудааст
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар неругоҳи «Сангтӯда -1» ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО-и «Роғун» созишномаи молиявӣ ба имзо расид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷаласаи муштарак доир гардид