«АСКАРОН БОЯД, КИ САНГИ ХОРАРО БИСТАР КУНАНД…». Наваскарони Муъминобод бо маросими «Кулчагазон» ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд

Апрель 2, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 02.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар майдони Сомонии ноҳияи Муъминобод бо иштироки Раиси ноҳия Лутфия Шарифзода ва роҳбарони мақомоти қудратии ноҳия маъракаи гусели наваскарон доир гардид.

Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод Бахтовар Диловар ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Лутфия Шарифзода наваскаронро барои содиқона хизмат кардан ба Ватан даъват намуда, иброз намуд, ки «дар ҳукмномаи таърих оварда шудааст, ки ҳанӯз дар даврони Курӯши Кабир анъанае роиҷ буд, ки ҷавонмардони ҳақиқӣ аз се имтиҳони ҳаёт гузашта, баъд ифтихори ҷавонмардиро соҳиб мешуданд. Имтиҳони аввал-тандурустӣ ва паҳлавонӣ, имтиҳони дуюм-ақлу дониши расо ва имтиҳони сеюм-одобу фаросати ҳамида буд. Вақте кас ҳар се имтиҳонро гузашту  савганди ҳарбӣ-савганди садоқат ба Ватан ёд кард, баъд унвони сарбозро гирифта, ба ӯ яроқ, техникаи ҳарбӣ ва дигар муҳимоти ҷангиро бовар мекунанд».

Мавсуф иброз дошт, ки «дар хотир дошта бошед, ки ҳар лаҳзаи хизмати ҳарбӣ- ин ҳифзи нангу номуси падару модарон, хоҳарону бародаронест, ки дар фазои амнияту осоиштаи Ватан умр ба сар мебаранд. Бо сабру ботаҳаммул ва фидокору бо масъулият буданро фаромӯш насозед. Бузургон хуб гуфтаанд:

То бихобад миллате осуда дар болини ноз,

Аскарон бояд, ки санги хораро бистар кунанд!»

Дар охир бо анъанаи «Кулчагазон»-у барномаи мусиқии бахши фарҳанги ноҳия табъи ҳозирин шод гардонида шуд.

АКС:  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н. Муъминобод

Апрель 2, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад