БА ИҒВОЮ ФИТНА ДОДА НАШАВЕД! Муроҷиати Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
ДУШАНБЕ, 30.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба даргириҳои рӯзи гузашта дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғд Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба ҳамватанонамон муроҷиат намуда, онҳоро ба сабру тоқат ва дода нашудан ба ҳар гуна иғвою дасисаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ даъват намудааст.
Дар муроҷиатнома, аз ҷумла чунин омадааст:
«Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу субот дар минтақа буд ва мемонад. Даргириҳои мусаллаҳонаи рӯзи гузашта дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳарду ҷонибро ба ташвиш андохтааст. Бо талоши муштараки роҳбарони идораҳои марбута ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки амалиёти ҳарбиро дар минтақаҳои наздисарҳадии Суғд ва Бодканд қатъ карда, неруҳо ва техникаи низомиро аз минтақаҳои наздимарзӣ ба макони ҷойгиршавии доимии худ баргардонанд. Инчунин раванди гуфтушунидро бо мақсади ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои марзӣ идома диҳанд.
Дар айни замон гурӯҳи кории муштарак даст ба кор шуда, умед аст, ки сулҳу дӯстӣ ғалаба кунад. Ҷониби Тоҷикистон низоми оташбасро риоя мекунад ва айни ҳол дар марз оромист. Дар тамоми ҳудуди шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оташбас риоя шуда истодааст.
Аммо, мутаассифона, бархе сомонаҳои кишвари ҳамсоя ҳодисаҳои рӯзи гузаштаро асос намуда, ба иғвою дасиса роҳ дода истодаанд.
Бинобар ин, даъват мекунем, ки пеши роҳи ҳама гуна иғвову фитнаангезӣ, ки тавассути бархе расонаҳои хабарии ҳамсоягон роҳандозӣ шудааст, гирифта шавад.
Иттилоъ дар ин бора бояд аз манбаъҳои муътамад гирифта шуда, истифода гардад, на аз овозаҳои беасос».
АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон бо Вазири давлатии Вазорати мудофиаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Вернон Коаке мулоқот намуд
Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд






