Бар асари таркиш дар Нангарҳори Афғонистон ду нафар ҳалок ва 18 тани дигар маҷрӯҳ шуданд

Апрель 7, 2021 09:02

ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Манобеи амниятӣ дар вилояти Нангарҳори Афғонистон мегӯянд, ки дар натиҷаи таркиши минаи канори ҷода дар шаҳри Ҷалолобод ду ғайринизомӣ кушта шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи хабаргузории «Хома пресс» www. khaama.com.

Оятуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯи волии вилояти Нангарҳор мегӯяд, ки воқеа тахминан соати 6-и субҳи имрӯз,чоршанбеи 7 апрел дар шаҳри Ҷалолобод рух дод.

Ҷаноби Хугиёнӣ илова кард, ки дар ин рӯйдод ду ғайринизомӣ кушта ва 18 нафари дигар, аз ҷумла се корманди полис захмӣ шуданд.

Нангарҳор дар шарқи Афғонистон ҷойгир аст ва яке аз вилоятҳои ноамнтарин дар ин кишвар дониста мешавад, ки «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар вулусволиҳои гуногуни он ҳузури густурда доранд.

Апрель 7, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид