Бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд

Апрель 23, 2021 10:00

ДУШАНБЕ, 23.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24-25 апрел бозиҳои даври  чоруми Чемпионати  Тоҷикистон миёни дастаҳои  Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат  баргузор мешаванд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки  чанд рӯзи пеш бозиҳои даври сеюми Чемпионати  Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат  хеле  ҷолиб   баргузор гардида буданд. Дар нахустин бозии даври сеюм дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъ дар майдони худ  дастаи «Кӯктош»-и  ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Се голи мизбононро ҳамлагар Абдухалил Боронов ба  нишон расонид.  Дар бозии дигари даври севум  дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  дастаи меҳмон – КМВА «Помир»-и шаҳри Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳои Фирдавс Чақалов ва Ҳоҷибой Зиёев ба хуҷандиҳо се имтиёз овард. Зимнан, ин сеюмин бохти дастаи КМВА «Помир»  бо роҳбарии сармураббӣ Алиёр Ашӯрмамадов мебошад, ки бидуни имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи охирин қарор дорад.

Дар бозии охирини  даври сеюм  дастаи футболи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  бо дастаи  «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб  сабқаташонро  бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима доданд. Ҳарду гол дар нимаи дуюми  рақобат зада шуд. Ба голи Абдусамад Самадов меҳмонон бо голи Амирҷони Фаррухзод посух доданд. Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври сеюм дар садри ҷадвали мусобиқа дастаҳои  футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, ки ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд, қарор доранд.

Чемпионати  Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 3-юм

«Файзканд» – «Кӯктош» – 3:1

Голҳо: Абдухалил Боронов, 15 (1:0). Абдухалил Боронов, 26 (2:0). Абдухалил Боронов, 33 (3:0). Муҳсин Абдуғаффоров, 60 (3:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Абдухалил Боронов («Файзканд»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

16-уми апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобин.

«Хуҷанд» – КМВА «Помир»  – 2:0

Голҳо: Фирдавс Чақалов, 27 (1:0). Ҳоҷибой Зиёев, 71 (2:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Фирдавс Чақалов («Хуҷанд»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

17-уми апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2800 тамошобин.

«Душанбе» – «Хатлон» – 1:0

Гол: Люк Менҷана Леонел, 11.

Беҳтарин бозигари дидор: Люк Менҷана Леонел («Душанбе»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

17-уми апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

«Эсхата» – «Равшан» – 1:1

Голҳо: Абдусамад Самадов, 60 (1:0). Амирҷони Фаррухзод, 77 (1:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Муъминҷон Гадойбоев («Эсхата»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

18-уми апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 2700 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3 2 1 0 7-2 7
2 «Файзканд» (Восеъ) 3 2 1 0 4-1 7
3 «Эсхата» (Хуҷанд) 3 1 2 0 5-3 5
4 «Истаравшан» (Истаравшан) 2 1 0 1 1-1 3
5 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 2 1 0 1 2-3 3
6 «Душанбе» (Душанбе) 2 1 0 1 2-4 3
7 «Хатлон» (Бохтар) 3 0 2 1 2-3 2
8 «Равшан» (Кӯлоб) 3 0 2 1 1-2 2
9 «Истиқлол» (Душанбе) 0 0 0 0 0-0 0
10 КМВА «Помир» (Душанбе) 3 0 0 3 1-6 0


Голзанҳои пешқадам:
Акобир Тураев («Эсхата»), Абдухалил Боронов («Файзканд») – 3-тӯбӣ, Артём Сердюк («Хуҷанд») – 2 тӯб.

Даври 4-ум

24-уми апрел (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

КМВА «Помир»  – «Душанбе»

«Истаравшан» – «Файзканд»

25-уми апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

«Равшан» – «Хуҷанд»

«Кӯктош» – «Эсхата»

 

АКС аз ФФТ

Апрель 23, 2021 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мусобиқаи 15-уми байналмилалӣ оид ба теннис дар Душанбе идома дорад
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад
«Регар-ТадАЗ» бори ҳаштум барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол шуд
Имрӯз бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол баргузор мегардад
«Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ ба номи Иброҳим Ҳасанов» баъд аз таъмири куллӣ ба истифода дода шуд
Пагоҳ бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол баргузор мегардад
Ҷудочии тоҷик Рошид Неъматов дар Чемпионати Осиё байни наврасон медали тилло ба даст овард
Шамшербозони навраси тоҷик нахустин маротиба дар Ҷоми Осиё соҳиби медали биринҷӣ шуданд
Варзишгари тоҷик Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё соҳиби медали тилло гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо тими олимпии Филиппин бозӣ менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ бар Непал оғоз кард
«CAFA Nations Cup 2025». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими Эрон бозӣ мекунад