Бозии дастаҳои «Эсхата» ва «Хатлон» мусовӣ анҷом ёфт

Апрель 6, 2021 09:41

ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрел дастаи футболи  «Хатлон»-и   шаҳри  Бохтар дар доираи даври аввали Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ дар сафар бо дастаи  «Эсхата»-и  шаҳри Хуҷанд рақобат намуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд доир гардида, бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Имрӯз дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар доираи ин давр дар меҳмонӣ бо дастаи «Истаравшан»-и шаҳри  Истаравшан сабқат  анҷом медиҳад. Ёдовар  мешавем, ки  4 апрел Чемпионати Тоҷикистон-2021 оид ба футбол байни дастаҳои футболи Лигаи олӣ бо иштироки даҳ даста оғоз ёфт. Дар даври якуми чемпионат дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи  КМВА-и  шаҳри Душанберо бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд. Дар ин рӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дастаи  футболи  «Хуҷанд»-и  шаҳри  Хуҷанд  бар дастаи  «Душанбе-83»-и  шаҳри Душанбе бо ҳисоби калони 4:1 ғолиб омад.

Чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 1-ум
«Хуҷанд» – «Душанбе» – 4:1
Голоҳо: Максим Грек, 38 (1:0). Артем Сердюк, 42 (2:0). Дилшод Бозоров, 56 (3:0). Парвиз Баки-Ахунов, 68 (4:0). Анушервон Наврӯзов, 88 (4:1).

Чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 1-ум
«Файзканд» – КМВА – 1:0
Гол: Сайёди Коусшо, 15 – (худгол).

Баъди ин пирӯзӣ дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо касби 3 хол пешсафи ҷадвали Лигаи олӣ мебошад.  Дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  бо касби 3 хол дар зинаи дуюми ҷадвали Лигаи олӣ ҷой дорад.

Чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 1-ум

«Эсхата» – «Хатлон» – 1:1

Голҳо: Акобир Тураев, 45+2 (ҷаримаи ёздаҳметра) (1:0). Жан Гатен, 51 (ҷаримаи ёздаҳметра) (1:1).

Чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 1-ум

4 апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Файзканд» – КМВА-1:0

Ҳисор, варзишгоҳи марказӣ

«Хуҷанд» – «Душанбе» 4:1

Хуҷанд, варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

5 апрел (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

«Эсхата» – «Хатлон»-1:1

Хуҷанд, варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

6 апрел (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

«Истаравшан» – «Равшан»

Истаравшан, варзишгоҳи марказӣ

Апрель 6, 2021 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод
Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28-29 март доир мешаванд
ФУТБОЛ. Ҳайати ҳакамон аз Узбекистон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларусро доварӣ менамояд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо ба муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ оғоз намуд
ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад