Буланова аз суруди Манижа дар Евровидение — 2021 ба ваҷд омад

Апрель 12, 2021 11:23

ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Овозхони рус Татяна Буланова гуфт, ки иштироки Манижаро дар озмуни Евровидение — 2021 комилан дастгирӣ мекунад, хабар медиҳад радиои «Комсомолская правда».

Сароянда аз он шод аст, ки имсол маҳз Манижа дар озмуни байналмилалӣ композитсияро ба забони русӣ иҷро мекунад. Буланова ҷонибдорӣ  карда, гуфт ки хислатҳои қавииродагию  босуботии Манижа барои ӯ бисёр хушоянд мебошанд ва вай «мусиқанавози олиҷаноб ва дорои овози форам  аст».  

Ва худи суруди «Зани рус», ки барои он бадхоҳони Манижа зиёд шуданд, ба ӯ писанд аст. Илова бар ин, Татяна Буланова изҳор кард, ки ба қарибӣ тамошобинон ва шунавандагон метавонанд кори якҷояи онҳоро баҳо диҳанд ва суруди навро эълон кард.

«Ман таҷриба карданро дӯст медорам. Ва ҳамин тавр, мо якҷоя бо ӯ як чизи ҷолибе сохтем. Дарвоқеъ, вай худаш маро пайдо кард», — шарҳ дод сароянда.

Ба гуфтаи сарояндаи ботаҷриба, композитсияи муштарак «мусбат ва ҷолиб» баромад. Наздиконе, ки аллакай офаридаи моро шунидаанд, онро мусбат арзёбӣ мекунанд ва писари хурдии Буланова  аз он ба ваҷд омадааст.

Аммо дар айни замон, ӯ зикр кард, ки бинобар серкории  ҳамкасбаш дар Евровидение — 2021, «ба дунёи равшан баровардан» –и композитсия ба таъхир гузошта шудааст. Ва ҳоло Буланова омода аст, ки Манижаро  мухлисӣ кунад.

Буланова дар хулоса гуфт, ки суруди «Зани рус» ба масъалаҳои муҳим дахл менамояд ва аз ҳама муҳим — онҳоро дар шакли шӯхиомез пешниҳод мекунад.

Дар айни ҳол сароянда ёдовар шуд, ки довталабони қаблӣ барои иштирок дар озмун- мусиқачиёни гурӯҳи Little Big низ ба хашми тамошобинон дучор шуда буданд.

Аммо баъдтар гурӯҳро эътироф карданд ва аз ин рӯ, дар мавриди ҳолати ба сари Манижа омада Буланова боварӣ дорад, ки ба зудӣ мусиқии ӯро қадр хоҳанд кард.

Манижа дар Евровидение — 2021

Озмуни сурудҳои Евровидение-2021, ки ҳунармандони кишварҳои мухталифро гирди ҳам меорад, 18-22 май дар Ahoy Arena дар Роттердами Нидерланд баргузор мешавад. Дар он сарояндагон аз 41 давлат ширкат меварзанд.

Россияро дар Евровидение-2021 зодаи Тоҷикистон- Манижа муаррифӣ мекунад. Дар озмун сароянда композитсияи «Зани рус» -ро иҷро мекунад. Тамошобинони Шабакаи аввал ҳангоми интихоби миллӣ ба ҷонибдории суруд ва ҳунарманд овоз доданд.

Суруди «Зани рус» вокуниши васеи ҷамъиятӣ ба бор овард. Мавҷи интиқоди шадид ба сари Манижа сарозер шуд, аз ҷумла аз ҷониби вакилони Думаи давлатӣ низ. Онҳо изҳор мекунанд, ки матни суруд арзишҳои «зиддироссиягиро» -ро таблиғ мекунад.

Илова бар ин, Кумитаи тафтишот низ ба суруд диққати ҷиддӣ зоҳир кардааст. Ҳоло матни сурудро «барои таҳқири дағалона ва резонидани обрӯи  инсонии занони рус» тафтиш мекунанд.

АКС аз манбаъҳои озод

Апрель 12, 2021 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
Имрӯз дар боғҳои Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод ва Нуробод баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 228 нафар хатм намуданд
«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Италия намоиши шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод, Нуробод, Муъминобод ва Варзоб баргузор мегарданд
Роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар ёдгории бостонии Сайёд шинос шуд
РИОЯИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон барои блогерон даври омӯзишӣ гузаронида мешавад
Аз ноҳияи Темурмалик ёдгориҳои нодири мансуб ба асри биринҷ ва давраи Кушониён бозёфт гардиданд
Китоби «Дар ҳавои Мавлоно»-и Раҳмоналӣ Мирализода рӯнамоӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Осорхонаи таърихии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таъсис дода шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Дарвоз баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Балҷувон шукуҳманд таҷлил карда шуд