Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб гузаронида мешавад

Апрель 29, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 29.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати қарибулвуқӯи Осиё оид ба бокс на дар  шаҳри Деҳлии Ҳиндустон, балки дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад. Чемпионати мазкур 21 май оғоз ёфта, то 1 июн идома меёбад. Дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар иштирок мекунад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Роҳбарияти Конфедератсияи бокси Осиё вазъиятро дар робита ба пандемияи коронавирус дар Ҳиндустон зери назар дошта, тасмим гирифтанд, ки мусобиқа дар шаҳри  Дубай гузаронида шавад. «Маъмурияти Конфедератсияи бокси Осиё ва роҳбарияти созмон омодаанд ба ҳар дастае, ки дар бақайдгирӣ ва ҳар масъалаи дигар ба дастгирӣ ниёз доранд, кумак кунад»,-омадааст дар изҳороти ин созмон. Қоидаву шароити иштирок дар чемпионат ҳамон таврест, ки дар роҳнамои ҳайати дастаҳо, ки аввали моҳи март ба федератсияҳои миллӣ дастрас шуда буд, зикр гардидааст. Муштзанҳое, ки давоми солҳои 1980 то 2002 таваллуд шудаанд, метавонанд дар чемпионат ширкат намоянд.

Хотиррасон мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс аз рӯи 10 категорияи вазнӣ миёни бонувон: (48кг; 51кг; 54кг; 57кг; 60кг; 64кг; 69кг; 75кг; 81кг; +81кг) ва 10 категорияи вазнӣ миёни мардон: (49кг; 52кг; 56кг; 60кг; 64кг; 69кг; 75кг; 81кг; 91кг; +91кг) сурат мегирад.

Бонувон

-51кг – Сумайя Қосимова

-51кг – Руҳафзо Ҳақназарова

-57кг – Миҷгона Самадова

-60кг – Шоира Зулқайнарова

-69кг – Нилуфар Бобоёрова

Мардон

-52кг – Иззатулло Алиев

-56кг – Бахтовар Сагизов

-60кг – Сомон Ҳабибов

-64кг – Баҳодур Усмонов

-69кг – Саидикром Амонов

-75кг – Мирзомуҳаммад Бахтиёр

-81кг – Шаббос Негматуллоев

-91кг – Ҷасур Қурбонов

+91кг – Сиёвуш Зуҳуров

Варзишгаронро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев, Парвиз Ахмедов ва Хуршед Ҷӯраев ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар намуди бокс варзишгарони мо ду роҳхати Бозиҳои олимпӣ ба даст овардаанд. Баҳодур Усмонов дар вазни 64кг ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио, ки аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад, намояндагӣ мекунанд.

Апрель 29, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Машғулият оид ба таҳлили бозиҳо барои мураббиёни лигаҳои наврасони Тоҷикистон оид ба футбол идома дорад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид гардид
Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба футзал мусовӣ анҷом ёфт
«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Дастаи кӯдакони ноҳияи Лахш соҳиби ҷойи аввал гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад