Дар Ҷамоати деҳоти Ворух курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии ройгон барои бонувон ба роҳ монда шуданд

Апрель 4, 2021 08:30

ДУШАНБЕ, 04.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибкасб намудани занону бонувон, ҷавонону наврасон, калонсолон ва дар маҷмӯъ, аҳолии Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғд курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии ройгон ба роҳ монда, тасмим дорад, ки  филиали Муассисаи давлатии «Маркази омӯзишии калонсолон» таъсис диҳад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 2 апрел дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ба Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғд сафари корӣ намуд.

Зимни боздид барои соҳибкасб намудани аҳолии ҷамоат ташкил намудани курсҳои кӯтоҳмуддати қаннодӣ, кафшергарӣ, дӯзандагӣ ва омӯзиши малакаҳои нави коргарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар доираи сафар ҳайати гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдуғаффор Раҳмонзода,  сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Дӯстмурод Муродзода,  сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода  ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки дар деҳоти мазкур маркази омодагии пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ монда шавад.

АКСҲО: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 4, 2021 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад