Дар Бӯстон ба ифтихори 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода рамзи ҷашнӣ гузошта шуд

Апрель 6, 2021 16:20

ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/.  Дар шаҳри Бӯстон ба  ифтихори 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҷашнӣ гузошта шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳамзамон чанде қабл қарори раиси шаҳри Бӯстон «Дар бораи таҷлили 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода» ба тасвиб расида буд. Дар он зикр карда шуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромӣ доштани хотираи Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллии сокинони шаҳр, тарғиби дӯстиву рафоқат ва эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ моҳи майи соли 2021 дар шаҳри Бӯстон 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бошукӯҳ таҷлил карда шавад.

Ҳамзамон тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида, баргузории якчанд барномаву озмунҳо, ба монанди «Беҳтарин донандаи ашъор», «Иншои беҳтарин», муаррифии осори Мирзо Турсунзода, ташкили конференсияю семинарҳо, баргузор намудани Ҳафтаи Турсунзодахонӣ, ташкил намудани маҳфили «Ширу шакар», омода намудани барномаи театрикунонидашуда, ташкили гӯшаҳои деворӣ, омода намудани сурудҳо аз ашъори шоир, баргузор намудани маҳфили адабӣ байни бонувони шаҳр таҳти унвони «Зан агар оташ намешуд…» ва ташкили барномаи шаҳрӣ дар Қасри фарҳанги шаҳр дар назар дошта шудааст.

АКС аз мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии ш. Бӯстон

Апрель 6, 2021 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода