Дар Британияи Кабир шавҳари Малика Шоҳзода Филипп дар синни 100-солагӣ аз олам даргузашт

Апрель 10, 2021 13:57

ДУШАНБЕ, 10.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Гертсоги Эдинбург Филипп, шавҳари Маликаи Британияи Кабир Елизаветаи II 9 апрел дар сини 100-солагӣ аз олам даргузашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховард» бо истинод ба расонаҳои британӣ.

Имсол Шоҳзода садсолагиашро ҷашн мегирифт.

Аз соли 2017, шавҳари Малика аз иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ даст кашид. Дар нимаи моҳи феврал ӯ дар беморхона бистарӣ шуд ва чанд рӯз пеш аз он, ӯ ва Малика аввалин ваксинаи зидди COVID-19-ро гирифта буданд. Ӯ тақрибан як моҳ дар беморхона буд. Баъдтан, расонаҳо навиштанд, ки Филипп бомуваффақият ҷарроҳии дил гузаронидааст.

Шоҳзода Филипп — писари шоҳзодаи Юнон ва Дания Филипп — 10 июни соли 1921 дар Юнон таваллуд шудааст. Пас аз он ки бародари калониаш дар соли 1922 аз тахт даст кашид, оилаи Шоҳзода Филип аз Юнон ронда шуд.

Ӯ ҳангоми таҳсил дар коллеҷ бо Маликаи Британияи Кабир шинос шуда, соли 1947 ба Малика издивоҷ кард. Пас аз издивоҷ Филипп насаби британӣ гирифта, Маунтбаттен шуд ва ӯро Гертсоги Эдинбург эълон карданд.

Ҷуфти шоҳона чор фарзанд доранд: Чарлз, Анна, Эндрю ва Эдвард.

Апрель 10, 2021 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид