Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз ёфт

Апрель 23, 2021 10:10

ДУШАНБЕ, 23.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид.

Тавре аз Раёсати илм ва инноватсияи  донишгоҳи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақсад аз баргузории озмун  дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040)  мебошад.

Зикр карда шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аҳамияти илмӣ-маърифатӣ дошта, ба рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав мусоидат менамояд.

Дар озмун донишҷӯён аз рӯи ҳафт номина: математика (арифметика, алгебра, геометрия); физика ва астрономия; химия;  биология (ботаника, зоология, анатомия); география; технологияи иттилоотӣ; ихтироъкорӣ ва навоварӣ байни ҳам сабқат намуданд.

Ёдовар мешавем, ки даври якуми озмун то 23 апрел дар сатҳи факултетҳо доир шуда, даври дуюм 24 апрел миёни ғолибони даври якум дар сатҳи донишгоҳ баргузор карда мешавад.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 23, 2021 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд