Дар назар аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шаванд

Апрель 29, 2021 10:11

ДУШАНБЕ, 29.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 бояд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб доир мегардиданд, вале бинобар сабаби паҳн гаштани бемории сироятии коронавирус он мавқуф гузошта шуд. Имрӯзҳо ин масъала дар сатҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар сурати ҳалли мусбати он дар назар аст, ки моҳи декабри ҳамин сол Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шаванд.

Ин нуктаро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода 26 апрел зимни  мулоқоти фосилавӣ (онлайнӣ) бо Вазири фарҳанг ва ҷавонони Амороти Муттаҳидаи Араб Нура ал-Каъбӣ баён намуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи самтҳои ҳамкории фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр гардид, ки ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб беш аз пеш рушд меёбад, ки ин аз заҳмату талошҳои роҳбарияти олии ҳар ду давлат дарак медиҳад.

Вазири фарҳанг ва ҷавонони Амороти Муттаҳидаи Араб Нура ал- Каъбӣ доир ба фарҳанги муштараки Аморот ва Тоҷикистон,  рушду инкишофи ҳамкории фарҳангӣ, рафтуомади сайёҳони кишвараш ба Тоҷикистон ва дигар паҳлӯҳои ҳамкории фарҳангӣ ибрози ақида намуд.

Дар ҷараёни мулоқот гуфта шуд, ки тарафҳо лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб ва баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Аморотро баррасӣ ва бо роҳҳои дипломатӣ ба ҳар ду ҷониб ирсол хоҳанд кард.

Аксҳо аз Вазорати фарҳанги ҶТ

Апрель 29, 2021 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид