Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маҳаллаи замонавии «Баҳор» бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 23.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маҳаллаи замонавии «Баҳор» бунёд мегардад, ки дар ҳудуди он биноҳои истиқоматӣ, муассисаи томактабӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ тибқи талаботи муосири меъморӣ сохта мешаванд. Дар ин бора аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Лоиҳаи ангоравии сохтмони маҳаллаи мазкур тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардида, он дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе аз ҷониби КВД «Лоиҳакаш» омода шудааст», — афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки Нақшаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 тасдиқ гардид.
Айни замон тибқи қарори мазкур, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт нақшаи дурнамои вайронкунии биноҳои фарсуда, дар навбати аввал, биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордоштаро тартиб дода, онро давра ба давра то соли 2025 амалӣ намуда, сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдонҳоро мутобиқи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе ба роҳ мондааст.












Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад






