Дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Ҳисор-Турсунзода аксияҳои «Тозагии роҳ» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 24.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Ҳисор-Турсунзода аксияи «Тозагии роҳ» ва дар Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, Деҳқонобод ва Дурбати шаҳри Ҳисор аксияи «Тозагии соҳил» доир шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 320 нафар иштирок намуданд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки ин тадбирҳо бо мақсади дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тозаву солим гардонидани муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии шаҳри Ҳисор бо ҷалби васеи аҳолии шаҳр ва шахсони касбу кори гуногун гузаронида шуданд.
Дар аксияҳои «Тозагии роҳ» ва «Тозагии соҳил» ду тарафи ҷӯйборҳо аз ҳар гуна партовҳо тоза гардида, инчунин атрофи гулҳои мавсимӣ нарм карда шуданд. Дар маҷмӯъ 4,2 метри мураббаъ партовҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи марказии шаҳр интиқол дода шуданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






