Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҷаласаи ҷамъбастии Вазорати кишоварзӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якум иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолият дар семоҳаи якуми соли равон 21 апрел баргузор гардид, ки дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иштирок намуд.
Тавре аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа зикр гардид, ки мувофиқи маълумоти оморӣ, дар 3 моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 1833,0 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,1 фоиз зиёд мебошад. Афзоиш дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 42,4 ва 5,6 фоизро ташкил медиҳад.
Гуфта шуд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ВМКБ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 47,5 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 фоиз зиёд мебошад. Афзоиш дар соҳаи чорводорӣ 1,3 фоизро ташкил медиҳад.
Дар вилояти Суғд дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 691,2 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,0 фоиз зиёд мебошад. Афзоиш дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 12,2 ва 7,0 фоизро ташкил медиҳад.
Дар вилояти Хатлон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 727,7 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1 фоиз зиёд мебошад. Афзоиш дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 72,7 ва 5,9 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 366,5 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,1 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамчунин иштирокдорон иброз намуданд, ки афзоиш дар соҳаи чорводорӣ ба андозаи 3,2 фоиз зиёд гардида, дар соҳаи растанипарварӣ 3,3 фоиз коҳиш ёфтааст, ки ин аз ҳисоби дар шаҳри Ҳисор ба андозаи 31,5 фоиз ва ноҳияи Рӯдакӣ 4,1 фоиз коҳиш ёфтани истеҳсоли сабзавот мебошад.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода пас аз шунидани гузориш оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати кишоварзӣ дар семоҳаи соли 2021 ва таҳлилҳои соҳа иброз дошт, ки корҳо дар ҳамаи самтҳои кишоварзӣ ҷонноктар карда шаванд.
Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарони раёсатҳо ва муассисаҳои зертобеи вазорат дар бораи фаъолияташон ҳисобот пешниҳод гардид.








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






