«ДУРАХШИ СОЛ»! Манижа сазовори ҷоизаи Вest Style Awards гардид
ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин, ки Россияро дар Озмуни байналмилалии сурудҳо «Евровидение – 2021» муаррифӣ мекунад, сазовори ҷоизаи мӯътабари Best Style Awards гардид.
Ҳакамон овозхонро дар номинаи «Дурахши сол» беҳтарин эътироф карданд. Дар якҷоягӣ бо ҳайкалча, ташкилкунандагони ҷоиза ба Манижа сагбачаи зотӣ тақдим карданд. Қимати саги амрикоии Bully Pocket 150 ҳазор рубл арзёбӣ мешавад ва метавонад то 400 бирасад.
Ҳунарпеша аз пирӯзиаш ва туҳфаи ғайричашмдошт бениҳоят шод буд.
«Ба дастаи худ ва модарам, ки продюсери ман аст, ташаккур мегӯям», — эҳсосоти худро иброз намуд Манижа.
Маросими супоридани ҷоизаҳои Вest Style Awards дирӯз дар тарабхонаи Maze -и Москва баргузор шуд. Дар ин маросим Манижа бо ҳамроҳии модараш Наҷиба Усмонова ҳозир шуд, ки ӯро дар кори омодагӣ ба «Евровидение — 2021» кумак мекунад.
Ин зан на танҳо Манижаро дастгирӣ мекунад, балки барои баромадҳои ӯ либосҳои ғайриоддӣ медӯзад.
Барои Вest Style Awards Манижа костюми шинами шимдори сиёҳро бо нақшу нигори геометрӣ ва унсурҳои ороишӣ дар остинаш ва кроссовкаҳои сиёҳ интихоб карда буд. Сароянда чашмонашро бо хатҳои калон ороиш дода, мӯйҳояшро парешон карда буд.
Дар навбати худ, Усмонова дар маросим бо камзӯлчаи кабуди гулдӯзишуда, куртаи сияҳфом ва мӯҳраи марворид, ки гарданашро оро медод, зоҳир шуд.
Ситора дар бораи ширкаташ дар «Евровидение» чанд ҳарф гуфт. Дар посух ба саволҳои намояндагони матбуот дар бораи нақши пирӯзӣ барои ӯ овозхон зикр кард, ки пирӯзӣ ҳадафи асосӣ нест. Ҳунарпеша изҳори умедворӣ кард, ки аз баромади худ лаззат хоҳад бурд. «Инсон будан муҳимтар аст, — иброз кард Манижа.
Манижа дар «Евровидение — 2021»
Озмуни сурудҳои «Евровидение — 2021», ки ҳунармандони кишварҳои мухталифро гирди ҳам меорад, 18-22 май дар Ahoy Arena дар Роттердами Ҳолланд баргузор мешавад. Дар он сарояндагон аз 41 давлат иштирок мекунанд.
Россияро дар «Евровидение — 2021» Манижа, зодаи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад. Дар озмун сароянда суруди Russian Woman («Зани рус») -ро иҷро мекунад. Тамошобинони Шабакаи аввал ҳангоми интихоб ба композитсия ва ҳунарпеша овоз доданд, ки дар он ба ҷуз аз Манижа гурӯҳҳои #2Маши и Therr Maitz низ ширкат карда буданд.
АКСҲО аз манбаъҳои боз










Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






