«ДУРАХШИ СОЛ»! Манижа сазовори ҷоизаи Вest Style Awards гардид

Апрель 28, 2021 12:31

ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин, ки Россияро дар Озмуни байналмилалии сурудҳо  «Евровидение – 2021» муаррифӣ мекунад, сазовори ҷоизаи мӯътабари Best Style Awards гардид.

Ҳакамон овозхонро дар номинаи «Дурахши сол» беҳтарин эътироф карданд. Дар якҷоягӣ бо ҳайкалча, ташкилкунандагони ҷоиза  ба Манижа сагбачаи зотӣ тақдим карданд. Қимати саги амрикоии Bully Pocket 150 ҳазор рубл арзёбӣ мешавад ва метавонад то 400 бирасад.

Ҳунарпеша аз пирӯзиаш ва туҳфаи ғайричашмдошт бениҳоят шод буд.

«Ба дастаи худ ва модарам, ки продюсери ман аст, ташаккур мегӯям», — эҳсосоти худро иброз намуд Манижа.

Маросими супоридани ҷоизаҳои Вest Style Awards дирӯз дар тарабхонаи Maze -и Москва баргузор шуд. Дар ин маросим Манижа бо ҳамроҳии модараш Наҷиба Усмонова ҳозир шуд, ки ӯро дар кори омодагӣ ба «Евровидение — 2021» кумак мекунад.

Ин зан на танҳо Манижаро дастгирӣ мекунад, балки барои баромадҳои ӯ либосҳои ғайриоддӣ медӯзад.

Барои Вest Style Awards Манижа костюми шинами шимдори сиёҳро бо нақшу нигори геометрӣ ва унсурҳои ороишӣ дар остинаш ва кроссовкаҳои сиёҳ интихоб карда буд. Сароянда чашмонашро бо хатҳои калон ороиш дода, мӯйҳояшро парешон карда буд.

Дар навбати худ, Усмонова дар маросим бо камзӯлчаи кабуди гулдӯзишуда, куртаи  сияҳфом ва мӯҳраи марворид, ки гарданашро оро медод, зоҳир шуд.

Ситора дар бораи ширкаташ дар «Евровидение» чанд ҳарф гуфт. Дар посух ба саволҳои намояндагони матбуот дар бораи нақши пирӯзӣ барои ӯ овозхон зикр кард, ки пирӯзӣ ҳадафи асосӣ нест. Ҳунарпеша изҳори умедворӣ кард, ки аз баромади худ лаззат хоҳад бурд. «Инсон будан муҳимтар аст, — иброз кард Манижа.

Манижа дар «Евровидение — 2021»

Озмуни сурудҳои «Евровидение — 2021», ки ҳунармандони кишварҳои мухталифро гирди ҳам меорад, 18-22 май дар Ahoy Arena дар Роттердами Ҳолланд баргузор мешавад. Дар он сарояндагон аз 41 давлат иштирок мекунанд.

Россияро дар «Евровидение — 2021» Манижа, зодаи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад. Дар озмун сароянда суруди Russian Woman («Зани рус») -ро иҷро мекунад. Тамошобинони Шабакаи аввал ҳангоми интихоб ба композитсия ва ҳунарпеша овоз доданд, ки дар он ба ҷуз аз Манижа гурӯҳҳои #2Маши и Therr Maitz низ ширкат карда буданд.

  АКСҲО аз манбаъҳои боз

Апрель 28, 2021 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид