ФУТБОЛ. «Файзканд» ва «Хуҷанд» дар даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2021 бар ҳарифонашон ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 05.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 апрел Чемпионати Тоҷикистон-2021 оид ба футбол байни дастаҳои футболи Лигаи олӣ бо иштироки даҳ даста оғоз ёфт. Дар даври якуми чемпионат дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи КМВА-и шаҳри Душанберо бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд. Дар ин рӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бар дастаи «Душанбе-83»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби калони 4:1 ғолиб омад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Чемпионат Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 1-ум
«Хуҷанд» – «Душанбе» – 4:1
Голоҳо: Максим Грек, 38 (1:0). Артем Сердюк, 42 (2:0). Дилшод Бозоров, 56 (3:0). Парвиз Баки-Ахунов, 68 (4:0). Анушервон Наврӯзов, 88 (4:1).
Чемпионат Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 1-ум
«Файзканд» – КМВА – 1:0
Гол: Сайёди Коусшо, 15 – (худгол).
Баъди ин пирӯзӣ дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо касби 3 хол пешсафи ҷадвали Лигаи олӣ мебошад. Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо касби 3 хол дар зинаи дуюми ҷадвали Лигаи олӣ ҷой дорад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 5 апрел дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар қувва меозмояд. Ин бозӣ ҳам дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.
Бозии дигари даври якум байни дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб 6 апрел дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор мегардад.
Бозиҳо бо иштироки дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки дар оғози Чемпионати Тоҷикистон-2021 мавқуф гузошта шуданд, рӯзҳои дигар баргузор хоҳанд шуд. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021, ки дар Арабистони Саудӣ доир мегардад, иштирок мекунад.
Чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 1-ум
4 апрел (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:00
«Файзканд» – КМВА-1:0
Ҳисор, варзишгоҳи марказӣ
«Хуҷанд» – «Душанбе» 4:1
Хуҷанд, варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»
5 апрел (душанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00
«Эсхата» – «Хатлон»
Хуҷанд, варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»
6 апрел (сешанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00
«Истаравшан» – «Равшан»
Истаравшан, варзишгоҳи марказӣ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






