ФУТБОЛ. Мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон бо ширкати даҳ дастаи Лигаи олӣ оғоз мешавад

Апрель 1, 2021 10:28

ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4  апрел Чемпионати  Тоҷикистон оид ба  футбол  бо ширкати даҳ дастаи Лигаи олӣ оғоз мешавад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мусобиқаи имсола, ки ҷашнист ва бори 30-юм доир мегардад, аз се марҳила иборат буда, ҳар даста 27 бозӣ анҷом хоҳад дод. Рӯзи якшанбе ду бозӣ баргузор мешаванд. Дастаи  футболи «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Ҳисор дастаи КМВА-и  шаҳри Душанберо қабул мекунад. Дар ин рӯз дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи  «Душанбе-83»-и шаҳри Душанбе  вориди сабқат  мешавад.

Рӯзи душанбе, 5  апрел, дастаи нави  Лигаи олӣ — «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри  Бохтар рақобат хоҳад кард. Ин бозӣ дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» доир мегардад.

Бозии дигари даври аввал рӯзи сешанбе, 6  апрел сурат мегирад. Дастаи футболи  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ бо  дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб рақобат хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки бинобар омодагӣ ва иштироки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои АFC-2021 ҳамаи бозиҳои дастаи  «Истиқлол»-и Душанбе дар ибтидои чемпионати Тоҷикистон-2021 ба муҳлати дертар гузаронида шуд ва дар рӯзҳои эҳтиётӣ пас аз бозгашти даста аз Арабистони Саудӣ доир мешаванд.

Тибқи низомномаи мусобиқа, дастаҳое, ки имсол дар Лигаи олӣ ҷойҳои 9  ва 10-умро мегиранд, дар мавсими соли 2022 ба Лигаи аввал мегузаранд. Ғолиб ва барандаи медалҳои нуқраи Лигаи аввал дар мавсими соли оянда дар Лигаи олӣ бозӣ хоҳанд кард.

 Чемпионати  Тоҷикистон оид ба  футбол  -2021

Лигаи олӣ. Даври 1-ум

4-уми апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Файзканд» – КМВА

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

«Хуҷанд» – «Душанбе-83»

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

 5-уми апрел (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

«Эсхата» – «Хатлон»

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

 6-уми апрел (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

«Истаравшан» – «Равшан»

Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ

Апрель 1, 2021 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид
Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад