«Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода» баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд

Апрель 4, 2021 09:54

ДУШАНБЕ, 04.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/.  Бахшида ба 30-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 114-солагии донишманди мумтози соҳаи адабиётшиносӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон «Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода» ҳамчун махзани илму адаб баъд аз таъмиру тармим дубора ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ифтитоҳи «Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода», ки қаблан Толори ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода ном дошт, Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюсуф Имомзода,  раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва дигар намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки «Ганҷинаи  профессор Шарифҷон Ҳусейнзода» туҳфаи арзандаест ба аҳли илму адаби кишвари фарҳангофар ва китобдӯсти мо, ки ба ҳайси миллати соҳибкитоб ва соҳибмаърифат шинохта мешаванд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» метавонанд аз ин махзани пурасрор истифода намоянд.

Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюуф Имомзода, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим ва чанд нафар устодони донишгоҳ  дар бораи муҳимияти омӯзиши китобҳои нодири «Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода» сухан гуфтанд.

 

АКСҲО аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Апрель 4, 2021 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид