«Go Travel Tajikistan» дар рушди сайёҳии дохилӣ дар Тоҷикистон саҳм мегузорад
ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имсол ширкати сайёҳии «Go Travel Tajikistan» барои муштариёнаш сафарҳои хеле ҷолиб омода кардааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ин ширкат хабар доданд.
Бо вуҷуди пандемия, ширкат бо шарикони хориҷӣ дар бораи қабули сайёҳон пас аз сабук шудани он фаъолона гуфтушунид мекунад. Ҳамзамон ширкати сайёҳии «Go Travel Tajikistan» сайёҳони дохилиро низ фаромӯш намекунад ва ҳар ҳафта саёҳатҳои гуногун дар дохили Тоҷикистон пешниҳод мекунад.
Ширкат соли 2019 таъсис ёфта, дар назди худ мақсад гузошт, ки сатҳи сайёҳии дохилиро дар Тоҷикистон баланд бардорад. Нишони ширкат: нимдоираи кабуд маънои осмони софро дорад, офтоб ва кӯҳҳо маънои кишвари офтобиро доранд, ки дар байни кӯҳҳои баланд ҷойгир шудаанд.
Чанд сол боз «Go Travel Tajikistan» дар Тоҷикистон даврҳои сайёҳӣ ва экскурсияҳоро дар шаклҳои гуногун ташкил менамояд. Эҳсосоти дурахшон, таассуроти фаромӯшнашаванда-ин ҳама хоси иштирокчиёни саёҳатҳост. Ширкат дар саросари Тоҷикистон масирҳои доимӣ ва мавсимӣ дорад. Масалан, шумо метавонед аз чунин ҷойҳои хушманзара, мисли Искандаркӯл, Темурдара, Ширкент, Варзоб, Шаҳринав, Сафеддара, кӯҳҳои бошукӯҳи Помир ва дигар ҷойҳо боздид намоед.
Аммо, даврҳои сайёҳӣ на танҳо вазифаи истироҳатиро иҷро мекунанд. Ҷузъҳои фарҳангию маърифатии сафарҳо низ муҳиманд ва барои ҳамин «Go Travel Tajikistan» ба мизоҷони худ саёҳатҳоро ба ҷойҳои ҷолиби ҷумҳурӣ бо роҳбалад (экскурсовод) пешниҳод менамояд ва бо кумаки он кас метавонад дар бораи фарҳанги тоҷикон маълумоти зиёд ҳосил намояд.
Дар тӯли фаъолияти худ Go Travel Tajikistan бо ширкатҳои кишварҳои Британияи Кабир, Германия, Италия, Полша, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра шартномаҳои шарикӣ ба имзо расонидааст. Сайёҳони ин кишварҳо меҳмонони доимии ширкати Go Travel Tajikistan мебошанд.
Ширкат вобаста ба талаботи сайёҳони хориҷӣ ба онҳо маҳсулоти гуногун пешниҳод мекунад. Кормандони ширкати сайёҳӣ пайваста бо мутахассисони соҳаи сайёҳии кишварҳои дигар дар тамос мебошанд, то ин ки аз идеяҳои пешрафтаи соҳаи сайёҳӣ, ки бешубҳа, барои рушди ширкат ва инчунин беҳтар кардани хизматрасонӣ ба сайёҳон равона хоҳанд шуд, огоҳӣ дошта бошанд. Омили асосии ҷалби сайёҳон стратегияи дуруст муайяншудаи маркетингӣ мебошад. Дар доираи таблиғи ҳам ширкат ва ҳам кишвар дар маҷмӯъ, «Go Travel Tajikistan» дар форумҳо ва конфронсҳои гуногуни сайёҳӣ ширкат мекунад. Масалан, дар яке аз чорабиниҳо мавзӯъҳои ҳамкории кишварҳои Роҳи Абрешим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва дар он ширкати «Go Travel Tajikistan» имконоти сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Пандемия ба саноати сайёҳӣ таъсир расонид. Ширкатҳо ба ҷуз боздоштани фаъолияти худ илоҷи дигар надоштанд. Дар ин давра ширкати «Go Travel Tajikistan» кори фаъоли худро идома ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ манзараҳои зебои Тоҷикистонро ба намоиш мегузошт. Зиёда аз 200 сайёҳ тавонистааст дар сафарҳои ширкат дар соли 2020 ширкат варзанд.
Барои рушди сайёҳӣ зарур аст, ки аз ҳама ҷонибҳои манфиатдор дар он саҳм бигиранд. Танҳо дар ҳамин ҳолат сайёҳиро дар Тоҷикистон ба сатҳи баланд баровардан мумкин аст. Ширкати «Go Travel Tajikistan» ҳамаи сокинони кишварро даъват менамояд, ки дар дохили Тоҷикистон сайру сайёҳат кунанд ва бо ин васила обрӯи бренди сайёҳии ҷумҳуриро баланд бардоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 -ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Дар доираи ин ибтикор дар саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳо ва аксияҳои гуногун гузаронида мешаванд. Масъулияти хос ба зиммаи ширкатҳои сайёҳӣ, аз ҷумла Go Travel Tajikistan вогузор шудааст.













ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид






