Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Озмуни ҷумҳуриявии «Табобати комили сил имконпазир аст» сазовори ҷоиза гардид

Апрель 27, 2021 15:27

ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Табобати комили сил имконпазир аст» хабарнигори АМИТ «Ховар» Нарзулло Ализода  аз беҳтаринҳо дониста шуда, бо ҷоиза ва сертификати  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи  USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ  қадрдонӣ карда шуд.

Дар маросими супоридани ҷоиза муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил Аслиддин Раҷабзода ва директори иҷроияи миссияи USAID дар Тоҷикистон Кит Симонс иштирок намуданд.

Тибқи хулосаи ҳакамони озмун, хабарнигор Хуршед Фозилов ғолиби бахши «Маводи беҳтарин дар сомонаи интернетӣ», хабарнигори Радиои «Тоҷикистон» Идигули Раҷаб ғолиби бахши «Беҳтарин барномаи радиоӣ» ва сармуҳаррири идораи барномаҳои ҷавонӣ, варзиш, занон ва оилаи «Телевизиони Тоҷикистон» Беҳрузи Одина ғолиби бахши «Беҳтарин намоиши телевизионӣ» дониста шуда,  бо сертификат ва туҳфаҳо қадрдонӣ  шуданд.

Инчунин барои пешниҳоди маводи ҷолиб дар бахшҳои мазкур  хабарнигори АМИТ «Ховар» Нарзулло Ализода, хабарнигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Бахтовар Сафаров, журналисти телевизиони «Диёр»-и вилояти Суғд Фирӯза Мирҷумаева,  хабарнигори радиои «Садои Душанбе» Гулнора Насриддинова ва  хабарнигори маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Шосаидов сазовори сертификат гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки яке аз вазифаҳои муҳим дар самти тандурустӣ дар чаҳорчӯби Ҳадафҳои рушди устувор дар он ифода меёбад, ки то соли 2030 ба сирояти бемории сил бояд хотима дода шавад. Дар робита ба ин Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  пеши худ мақсад гузоштааст, ки то соли 2035 ба коҳиши шумораи фавти одамон аз бемории сил то 95% ва паст кардани сатҳи гирифторӣ ба ин беморӣ то 90% даст ёбад. Ин метавонад  сатҳи гирифторӣ ба ин бемориро миёни мардум коҳиш диҳад.

Бемории сил табобатшаванда буда,  сабаби асосии паҳншавии он паст будани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба ин беморӣ мебошад.

Апрель 27, 2021 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид