Канали Лоҳур барқарор шуд. Зиёда аз 800 гектар замин бо оби полезӣ таъмин мешавад
РӮДАКӢ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода ва Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯдакӣ 37 ҳазор метр канали оби полезии Ҷамоати деҳоти Лоҳур аз гилу хоку санг тоза карда шуда, маҷрои каналҳо барқарор ва мавриди баҳрабардории аҳолӣ қарор дода шуд.
Канали мазкур бо пойгоҳҳои обкашонияш аз сабаби корношоям гардидан бистсолаҳо боз фаъолият надошт. Хушбахтона, бори дигар зиёда аз 800 гектар замини ҳудуди Ҷамоати деҳоти Лоҳур бо оби полезӣ ва аҳолии ин минтақа бо оби нӯшокии дарёи Кофарниҳон таъмин гардиданд. Ин матлабро зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд муҳандиси шуъбаи обрасонии идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯдакӣ Саъдулло Ғиёсов иброз намуд.
Мавсуф гуфт, ки корҳои барқарорсозии ин канали муҳташам чор моҳ боз идома доранд. Сарчашмаи он аз канали Кӯктоши поён буда, ба воситаи пойгоҳҳои обкашии Лоҳур 0, Лоҳур 1, Лоҳур 2 , Лоҳур 3, Лоҳур 3а, Лоҳур 4 ва Лоҳур 6 обрасонӣ карда мешаванд.
Саъдулло Ғиёсов гуфт, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ 23 адад пойгоҳҳои обкашӣ мавҷуданд, ки аз ин 13 ададаш фаъол мебошанд. Айни замон ду адад дастгоҳи обкашии пойгоҳи Хоҷабулбулон дар таъмири ҷорӣ қарор дорад. Дар сурати фаъол гардидани ин дастгоҳҳои обкашӣ қариб 200 гектар заминҳои Ҷамоати деҳоти Эсанбой бо оби полезӣ таъмин мегарданд.
Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯдакӣ дорои 42 адад иншооти гидротехникӣ бо дарозии 256 км буда, имсол бо даҳ адад ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об дар ҳаҷми 37 миллиону 348 метри кубӣ оби полезӣ шартномаи тарафайн ба имзо расонидааст, ки он барои обёрии 6477 гектар пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин барои беҳгардонии ҳолати мелиоративии заминҳо дар се мавзеъ бо ҷалби сармояи берунӣ коркарди заҳбурҳо ба дарозии 4800 метр ба нақша гирифта шудааст. Коркарди 2000 метри он дар ҳудуди маъмурии Ҷамоати деҳои Сарикиштӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Аксҳо аз хабарнигори АМИТ «Ховар»










Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид






