КИ ҲХДТ дар Хатлон ба сокинон таҳкими низоми ҳаракати ҳизбиро дар сатҳи маҳаллаву деҳот шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён бо сокинони ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав мулоқот анҷом дод. Ҳадафи сафар аз расонидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 март дар Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён бо фаъолони вилояти Хатлон зимни вохӯрӣ баён намуда буданд, иборат буд.
Тавре аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи сафар таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб бо иштироки масъулони ташкилоти ибтидоии деҳоту маҳалла дар мавзӯи “Таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ ва татбиқи аксияҳои ҳизбӣ дар сатҳи маҳаллаву деҳот” машварат баргузор гашт.
Зикр шуд, ки ҷиҳати таҷлили пуршукӯҳи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон корҳои зиёди созандагӣ иҷро мешаванд ва дар амалигардии чунин ташаббусҳо бояд ҳамагон фаъол бошанд. Мо бояд аз захираву имконияти мавҷуда, аз ҷумла замин ва об самаранок истифода намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои рӯёнидани се-чор ҳосил ва ҳарчӣ бештар истеҳсол кардани маҳсулоти ватанӣ, беҳтар таъмин намудани талаботи аҳолии кишвар, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат ва имконияти содиротии он равона созем. Дар вусъати корҳои баҳорӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, истеҳсолу захираи кофии маводи ғизоӣ, омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва иҷрои саривақтию босамари дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат фаъол бошем.
Дар машварате, ки дар ин шаҳру ноҳияҳо доир гашт, усулҳои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, аз ҷумла тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, низоми ҳаракати ҳизбӣ омӯзонида шуданд.
Қиёмиддин Миралиён дар деҳаи Қизиласкари Ҷамоати деҳоти Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритус бо ҷараёни корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46, ки бо ташаббуси фаъолони ҳизб тариқи ҳашар бунёд гардида истодааст, аз наздик шинос шуд. Ҳамчунин дар ин мавзеъ бо ташаббуси сокинони маҳал майдончаи варзишӣ бунёд гардида истодааст.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






