«Комсомолская правда»: Пугачёва Манижаро дастгирӣ ва пирӯзиашро дар «Евровидение» пешгӯӣ кард
ДУШАНБЕ, 16.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарпешаи рус Алла Пугачёва дар мавҷи намоиши «Музикалити» -и Максим Галкин овозхон Манижа Сангинро, ки Россияро дар озмуни байналмилалии вокалии «Евровидение» дар соли 2021 намояндагӣ хоҳад кард, дастгирӣ намуд, навиштааст «Комсомолская правда».
«Аввал ин ки вай шахсият аст. Суруди «Зани рус» танҳо барои «Евровидения» аст. Ман бошам, ин тавр оғоз мекардам: «Медонам, ки чизе ба ман нахоҳад расид, аммо ман зани рус ҳастам, парвои ҳеҷ чиз надорам». Ана ҳамин хел, матн олиҷаноб мебуд», — гуфт Пугачёва.
«Тасаввур кунед, ки вай бо пирӯзӣ аз «Евровидения» меояд — ва ба мо мегӯяд: «Хайр, чӣ шуд, шумо пирону ҷавон ба ман чӣ баҳо гузошта будед? » — тахмин кард Алла Борисовна.
«Фарқ надорад, ки мо чӣ гуна баҳогузорӣ карда будем», — хулоса кард Галкин. — Мо дар «Евровидение» ба Манижа танҳо пирӯзӣ мехоҳем!» — эълон кард баранда.
Пештар, 11 апрел, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар ҳузури омма дар бораи эҷодиёти сароянда изҳори назар ва хушҳолӣ намуданд. «Ҳамин тавр идома бидиҳед! Аҳсан ба ӯ, ки ҳамеша мегӯяд, тоҷик аст. Дар Тоҷикистон таввалуд шудааст. Лекин шаҳрванди Россия ҳаст», — гуфтанд Эмомалӣ Раҳмон.
АКСИ ТАСС








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






